DataLife Engine / АВИАТСИЯИ БЕ КОРРУПСИЯ — КАФОЛАТИ ПАРВОЗҲОИ БЕХАТАР

АВИАТСИЯИ БЕ КОРРУПСИЯ — КАФОЛАТИ ПАРВОЗҲОИ БЕХАТАР

Соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз бахшҳои калидӣ, стратегӣ ва пешбарандаи иқтисодиёти ҳар як давлат ба шумор меравад. Рушди устувори ин соҳа бевосита бо таъмини бехатарии парвозҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ва риояи қатъии қонуният вобаста аст. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» масъулияти бузурги таъмини бехатарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, дар ин ҷода ҳар як қарор, амал ва раванд бояд ба меъёрҳои баланди касбӣ ва шаффофият ҷавобгӯ бошад.

Дар шароити муосир муқовимат ба коррупсия ва пешгирии омилҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд, махсусан кормандони соҳаҳои стратегию давлатӣ маҳсуб меёбад. Асоси ҳуқуқии ин равандро дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ташкил медиҳад, ки меъёрҳои муҳими пешгирӣ, ошкор ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро муқаррар кардааст.

Коррупсия падидаи номатлубест, ки ба рушди иқтисодӣ монеъ шуда, боварии ҷомеаро ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш медиҳад. Дар соҳаи авиатсия хатари коррупсия бошад, ҳатто метавонад ба бехатарии ҷони одамон таҳдид кунад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», мубориза бо ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти дастаҷамъонаи ҳар корманд аст.

Дар фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» риояи принсипҳои шаффофият, масъулиятшиносӣ ва касбият дар меҳвари асосии кор қарор дорад. Фаъолияти диспетчерҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, муҳандисон ва дигар мутахассисон ба қабули қарорҳои дақиқу фаврӣ вобаста аст, ки дар он ҷо ҳеҷ гуна манфиатҳои шахсӣ ё бегона ҷой дошта наметавонанд. Шаффофият дар раванди хариди давлатӣ, интихоб ва ҷойгиркунии кадрҳо, инчунин тақсимоти масъулиятҳо кафили асосии пешгирии ҳар гуна амалҳои коррупсионӣ мебошад.

Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва Стратегияи миллии муқовимат ба коррупсия дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» пайваста чорабиниҳои профилактикӣ ва тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, ташкили вохӯриҳо бо коршиносон ва мақомоти дахлдор ба он нигаронида шудааст, ки дар дили ҳар як корманд ҳисси масъулият ва тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия ташаккул ёбад.

Ҳамзамон, рақамисозии равандҳои корӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти корхона ба кам шудани «омили инсонӣ» мусоидат мекунад. Вақте ки қабули ҳуҷҷатҳо, ҳисоботдиҳӣ ва назорати техникӣ ба таври автоматӣ сурат мегиранд, барои пайдо шудани шароити коррупсионӣ ҳеҷ гуна замина боқӣ намемонад.

Мубориза бо коррупсия танҳо бо қабули қонунҳо ё фармонҳо маҳдуд намешавад; он ба тарзи кор, шуур ва виҷдони касбии ҳар як шахс алоқаманд аст. Корманди «Тоҷикаэронавигатсия» бояд пеш аз ҳама фаҳмад, ки муваффақияти корхона ва амнияти осмони кишвар ба обрӯ ва поквиҷдонии ҳар яки онҳо вобаста аст. Риояи меъёрҳои одоби касбӣ, пешгирӣ кардани муноқишаи манфиатҳо ва сари вақт хабардор кардани роҳбарият ё сохторҳои дахлдор аз ҳолатҳои шубҳанок аз вазифаҳои шаҳрвандии корманд ба шумор меравад.

Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» на танҳо иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки шарти муҳими таъмини бехатарии ҳавоӣ, боварии шарикони байналмилалӣ ва пешрафти босуръати корхона мебошад. Бо бунёди муҳити солим, баланд бардоштани масъулияти фардӣ ва риояи бечунучарои меъёрҳои қонун мо метавонем фазои кориро комилан шаффоф ва аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб пок нигоҳ дорем. Зеро авиатсияи бе коррупсия — ин рамзи осмони соф, амният ва суботи кишвар аст.

Сардори раёсати                       

кадрҳо ва меҳнат                          

Кароматулло Саидов

13 мая
Вернуться назад