DataLife Engine / МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Он ба самаранокии идоракунии давлатӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ ва сатҳи эътимоди ҷомеа халал ворид менамояд.

Бо назардошти таъсири манфии коррупсия ба адолати иҷтимоӣ, афзоиши нобаробарӣ дар ҷомеа, суст шудани волоияти қонун ва коҳиши эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози истиқлолият ба масъалаи мубориза бо коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадриҷан низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалиро такмил медиҳад.

Дар доираи татбиқи саривақтии чораҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия тадриҷан ташаккул ёфта, қонунҳои соҳавӣ қабул, мақомоти ваколатдор таъсис ва барномаҳои давлатӣ таҳия шудаанд.

Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ принсипҳо, субъектҳо ва механизмҳои муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, асоси институтсионалии сиёсати давлатӣ дар ин самтро ташкил медиҳад.

Қадами муҳим дар ин раванд ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия мебошад, ки ба мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуд.

«Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» ҳамчун ҳуҷҷати калидии барномавӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро муайян менамояд. Стратегия ба таҳкими шаффофият, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва рушди механизмҳои назорат равона шудааст.

Муқовимати самаранок ба коррупсия бе иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон мебошад. Бинобар ин бо ибтикори роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар корхона «Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои солҳои 2022-2030 оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардида, дар доираи он корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳои судманд баргузор карда мешаванд. Зеро мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо як ниҳод ё мақомот нест; он ҳамкории дастаҷамъӣ ва муштаракро тақозо менамояд.

Сармутахассиси Маркази матбуоти

КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Абдуллоев Баҳодур

9 сен
Вернуться назад