DataLife Engine / САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Субҳи 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ,  ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот  бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд  ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд  ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.

Дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарё аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳо бунёд гардида, 85 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 240 тонна афшура ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнагишикан мебошад.

Гуфта шуд, ки афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолот имкон медиҳад, ки самараи меҳнати кишоварзон саривақт коркарду бастабандӣ, талафёбии меваю сабзавот дар саҳро пешгирӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ афзоиш ёбад ва имкониятҳои содиротӣ васеъ гардад.

Иттилоъ дода шуд, ки технологияи аз кишварҳои пешрафта воридшуда имкон медиҳад маҳсулот тибқи талабот коркард ва аз самараи меҳнати деҳқонон маҳсулоти саноатии табиӣ истеҳсол карда шавад. 

Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат намунаи гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаро ба истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, ҷамъоварию коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои байналмилалӣ ҷалб намуданд. 

Зикр шуд, ки танҳо дар 5 соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 74 корхонаи саноатӣ бо тақрибан 900 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як иншооти муҳими хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодомро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдо ва хизматрасонии Суғд Молл ба фаъолият оғоз намуд. Дар иншоот  бо мақсади ташкили  фурӯши молу маҳсулот мағозаю  нуқтаҳои савдо сохта шудаааст. Дар маҷмӯъ, ин марказ барои 350 нафар ҷойи кор фароҳам меорад. Дар маҷмаа ба ғайр аз мағозаҳо, инчунин, ошхонаю тарабхона низ пешбинӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдою хизматрасонии Суғд-молл барои рушди тиҷорат, дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулоти ватанию хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом 13 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур соҳаҳои саноат, маориф, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифта, барои рушди минбаъдаи шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Яке аз иншооти муҳими истеҳсолӣ корхонаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи ҷаҳон дар деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом мебошад. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фирдавс Ҳасанзода бунёд гардида, барои парвариши 30 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, иқтидори он дар як сол 300 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад. Корхона бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, раванди бо обу ғизо таъмин намудани парандаҳо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳри Конибодом, ҳамчунин, корхонаи рехтагарии оҳани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бодом» ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти саноатӣ бо ташаббуси соҳибкор Самиҷон Собирзода сохта шуда, барои 50 нафар ҷойи корӣ фароҳам меорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 600 тонна маҳсулоти рехтагариро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он, асосан, барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои коркарди маъдан, таҷҳизоти корхонаҳои семент ва пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешавад.

Дар доираи иқдомҳои созандагӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 низ ба истифода дода шуд. Муассиса барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 19 синфхона ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад. Китобхонаи анъанавию электронӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст аз ҷумлаи имкониятҳои муҳайёгардида дар ин муассиса мебошанд.

Инчунин, дар деҳаи Файзбори шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 18 синфхона иборат аст. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул хоҳанд шуд.

Дар ин рӯз, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом низ ба истифода дода шуд. Бинои таълимӣ барои 750 донишҷӯ пешбинӣ гардида, аз 21 синфхона, 20 ҳуҷраи корӣ, ду синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳ, китобхона, ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад. Гуфта шуд, ки фароҳам овардани чунин шароит ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Инчунин, бинои маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот дорои 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Таъмини марказ бо таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки назорати сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва риояи талаботи бехатарии он боз ҳам тақвият ёбад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сомониён дар деҳаи Сомониёни шаҳри Конибодом барои 200 кӯдак бо 22 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бино аз ҳашт ҳуҷра иборат буда, барои ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Иншооти дигари муҳим корхонаи асфалт мебошад, ки бо иқтидори истеҳсолии 480 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти он дар таъмини соҳаи роҳсозӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва татбиқи босифати лоиҳаҳои инфрасохторӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Конибодом меҳмонхонаи замонавии «Ватан» низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкор Зафар Очилзода бунёд гардида, дорои 16 ҳуҷра мебошад. Меҳмонхона барои дар як вақт қабул намудани 60 нафар пешбинӣ шудааст.

Дар деҳаи Ғалабаи деҳоти Патар корхонаи коркард ва бастабандии меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи Камол ба фаъолият оғоз кард. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Камол Юсуфзода бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 600 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти корхона барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар идома, дар маҳаллаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлотон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нуринисо мавриди истифода қарор гирифт. Муассиса барои фарогирии 160 тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, аз ҳафт ҳуҷра, ошхона ва толори мусиқӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои таълиму тарбияи кӯдакон ва ташкили фароғати онҳо шароити мусоид муҳайё гардидааст.

Ҳамчунин, дар деҳаи Равоти шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 160 кӯдак ба истифода дода шуд. Дар иншоот бо назардошти талаботи соҳа барои ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом бозгӯ аз вусъати корҳои созандагӣ, таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва фаъолон барои иҷрои саривақтии нақшаҳои созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муосири шаҳрсозӣ, истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ҳангоми бунёди иншооти нав ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 84 иншооти нав бо 2400 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор мегирад.  
Танҳо  1 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Конибодом 18 иншоот ифтитоҳ ёфт, ки аз ин, 7 корхонаи саноатӣ, 4 кӯдакистон барои 760 таълимгиранда, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1540 хонанда, коллеҷи тиббӣ барои 750 донишҷӯ ва 5 муассисаи хизматрасонӣ мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти ифтитҳшудаи ин шаҳру ноҳияҳо 850 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристон, ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди гӯшту шир бо таъсиси 25 ҷойи корӣ ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан бо фароҳам овардани 15 ҷойи нави корӣ бунёд карда мешаванд.

Ҳадафи бунёди ин корхонаҳо рушди саноати маҳаллӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат мебошад. Инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия муҳим дониста шуд.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ барои таҳкими иқтидори саноатии ноҳияи Шаҳристон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва обҳои ташнагишикан метавонад барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ ба маҳсулоти воридотӣ мусоидат намояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бунёди иншоотро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Аз ҷумла, бинои маъмурии раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳробод сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Иншоот дорои чор ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои 13 мутахассис шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, бинои филиали корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта дар ҳамин шаҳрак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти нав дорои шаш ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар идомаи иқдомҳои созанда маркази ташхисию табобатии ҶДММ Луқмони Ҳаким-2014 низ ифтитоҳ гардид. Иншоот бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҳакимҷон Рӯзиев бунёд шуда, аз 18 ҳуҷраи хоби беморон ва 34 кат иборат мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда, барои ташхису табобати беморон имкониятҳои васеъ дорад. Бо мавриди истифода қарор додани он зиёда аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар деҳаи Тоҷикободи деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов муассисаи таҳсилоти томактабии Истиқлол ба истифода дода шуд. Бино барои фарогирии 240 кӯдак пешбинӣ гардида, дорои шаш гурӯҳ мебошад. Дар муассиса 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Фаришта, воқеъ дар деҳаи Навбунёди деҳоти Гулхона, ки бо ташаббуси соҳибкор Далер Каримов сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассиса барои қабули 240 кӯдак пешбинӣ шуда, бо фаъол гардидани он 40 нафар бо кор таъмин шуданд.

Дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи ҶДММ Файзи Меҳробод оғози расмӣ бахшида шуд. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Шаҳноза Буттаева бунёд шуда, барои 25 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст. Гуфта шуд, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 480 тонна оби нӯшокиро ташкил медиҳад. Ашёи хом аз деҳаи Деҳмой дастрас гардида, маҳсулот дар зарфҳои ҳаҷмашон гуногун ҷой карда мешавад.

Инчунин, толори нави варзишии федератсияи бокси вилояти Суғд низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар ҳамкорӣ бо раиси федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯзи Азимҷон сохта шудааст.

гуфта шуд, ки толори варзишӣ 30 метр дарозӣ, 19 метр паҳноӣ, 8,7 метр баландӣ ва 350 ҷойи нишасти тамошобинон дошта, барои машқу тамрини 120 варзишгар пешбинӣ шудааст. Бо таъсиси он 15 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Таъкид гардид, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 8 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, беш аз 150 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев, тибқи лоиҳа, 200 метрро ташкил дода, паҳноии умумии он бо 4 хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт ва бо назардошти пиёдароҳҳо 25,55 метрро ташкил медиҳад.

Дар пули мошингузар 7 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 84 болори мустаҳкам насб карда мешавад.

Дар марҳилаи 2 таҷдиди ду пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои дарёи Сир бо дарозии 275 метр бо 8 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 140 болор бунёд хоҳад шуд.

Дарозии умумии роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё 3,8 километр бо ду хатти ҳаракат аз ҳарду самт ва дарозии роҳи таҷдидшавандаи хиёбони Истиқлол 3,2 километр бо се хатти ҳаракат аз ҳар ду самтро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа насби қубурҳои обпарто, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва бунёди низоми равшанидиҳии роҳ пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки зимни корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои мошингузар, ба сифати маҳсулот ва кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр, рафту омади бемамониати сокинону меҳмонон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд.

САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

https://www.president.tj/

 

Сегодня, 14:30
Вернуться назад