DataLife Engine / ПАРВОЗИ АВВАЛИН ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИНИ ТИҶОРАТИИ ЧИН БО НЕРӮИ ОФТОБ

ПАРВОЗИ АВВАЛИН ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИНИ ТИҶОРАТИИ ЧИН БО НЕРӮИ ОФТОБ

Ҳавопаймои бесарнишини хурду миёнаи тиҷоратии «Qingqibing», ки пурра бо нерӯи офтобӣ кор мекунад, парвози аввалини худро дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Мардумии Чин бомуваффақият анҷом дод. Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи 11-уми Корпоратсияи илм ва технологияи кайҳонии Ҷумҳурии Мардумии Чин (China Aerospace Science and Technology Corporation) хабар додааст.

Дарозии ҳавопаймои бесарнишин 3,2 метр ва паҳнои болҳои он 8 метрро ташкил медиҳад. Давомнокии ҳадди аксари парвози он то 30 соат буда, вазни парвозаш 45 килограмм, баландии ҳадди аксари парвозаш 7 000 метр ва иқтидори борбардориаш беш аз 5 килограмм мебошад.

Ин ҳавопаймо барои иҷрои доираи васеи вазифаҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, он метавонад барои санҷиши лӯлаҳои дароз ва иншооти бузурги гидротехникӣ, корҳои геодезӣ ва харитасозӣ, омӯзиши захираҳои табиӣ, анҷом додани амалиёт дар минтақаҳои офатзада ва назорати иншооти бузург истифода шавад.

Ҳавопаймои мазкур пурра бо нерӯи офтобӣ фаъолият карда, дорои имконияти парвози тӯлонӣ мебошад. Инчунин, ҷойгиркунии фаврӣ ва осонии нигоҳдорӣ аз хусусиятҳои асосии он ба шумор мераванд.

Парвози аввалини бомуваффақияти ин ҳавопаймо марҳилаи наверо дар рушди ҳавопаймоҳои бесарнишини тиҷоратии бо нерӯи офтобӣ фаъолияткунанда дар Ҷумҳурии Мардумии Чин боз мекунад.

Сегодня, 00:10
Вернуться назад