DataLife Engine / ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ!

Ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, ормонҳои миллӣ ва иродаи устувори мардуми кишвар дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ба яке аз рамзҳои барҷастаи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории мардуми кишвар табдил ёфтааст. Имрӯз Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ низ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.

Парафшонии Парчами давлатӣ дар баробари дигар дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон, бозгӯи роҳи пуршарафи давлатдории миллии мост.

Мо, кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ низ зери ин Парчами муқаддас бо дарки масъулияти касбӣ барои таъмини бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ, рушди низоми аэронавигатсия ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои байналмилалии авиатсионӣ содиқона фаъолият менамоем. Ҳар як дастоварди соҳа ва ҳар қадами устувор дар роҳи пешрафти он саҳми арзанда дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон мебошад.

Бовар дорам, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, садоқат ба Ватан ва масъулиятшиносӣ дар назди давлату миллат ҳамеша роҳнамои фаъолияти ҳар яки мо хоҳад буд.

Бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтии оилавӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти созандаатон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, сулҳу субот пойдор ва Ватани азизамон ободу сарсабз бошад!

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Сегодня, 09:42
Вернуться назад