Агар ба саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик назар андозем, мебинем, ки парчам дар тамоми марҳилаҳои давлатдории ниёгони мо ҷойгоҳи хос доштааст. Он ҳамеша бо шарафу номус, озодӣ ва ҳастии давлат пайванд будааст.
Ниёгони мо дар тӯли таърих на танҳо давлатҳои бузург бунёд кардаанд, балки рамзҳои давлатдории худро низ офаридаанд. Ин рамзҳо имрӯз ҳамчун ҷузъи арзишманди мероси таърихиву фарҳангии миллати тоҷик мавриди омӯзиш қарор доранд.
Аз ҷумла, таърихи парчамдории тоҷикон аз давраҳои бостон оғоз ёфта, бо номи давлатҳо ва сулолаҳои маъруфи гузашта пайванди ногусастанӣ дорад. Яке аз намунаҳои барҷастаи он Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки дар ривоятҳои таърихӣ ҳамчун рамзи мубориза барои адолат, озодӣ ва пирӯзӣ ёд мешавад.
Тибқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ, аҷдоди мо ҳанӯз дар асрҳои III–II пеш аз милод бо рамзҳои «Меҳр» ва «Фарри ориёӣ» ошноӣ доштанд. Ин рамзҳо бо мафҳумҳои замину хуршед, покӣ, озодӣ ва абадият пайванд дошта, ба чор унсури асосии ҳаёт — хок, об, оташ ва ҳаво ишора мекарданд.
Дар китоби «Авесто» низ аз Бохтари зебои дирафшафрохта ёд шудааст. Ин ишора аз ҷойгоҳи хос доштани дирафш дар фарҳанги қадимаи мардуми ориёӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, дар сарчашмаҳои таърихӣ аз парафшонии парчамҳо дар Балхи бостонӣ ёдоварӣ шудааст.
Таърихи парчамдории тоҷиконро метавон вобаста ба марҳилаҳои давлатдорӣ ба давраҳои гуногун ҷудо намуд. Аз ҷумла, Дирафши давлати Каёниён, парчамҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Сомониён ва Ғуриён аз намунаҳои таърихии ин суннати куҳан мебошанд. Дар давраҳои баъдӣ низ парчамҳои Аморати Бухоро ва ҷумҳуриҳои шӯравии Тоҷикистон вуҷуд доштанд.
Дар байни рамзҳои таърихии ниёгони мо Дирафши Ковиёнӣ мақоми махсус дорад. Он яке аз рамзҳои машҳури давлатдорӣ дар таърихи бостонии мардуми ориёӣ ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти ривоятҳои таърихӣ, Дирафши Ковиёнӣ аз пӯст сохта шуда, шакли чоркунҷа ва рангҳои сурх, зард ва бунафш доштааст. Он дар дарбори шоҳон ва ҷойҳои махсуси баланд афрохта мешуд.
Таърихи ин дирафш бо номи Коваи оҳангар пайванди ногусастанӣ дорад. Тавре ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, Коваи оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳок қиём мекунад. Ӯ пешдомани чармини худро бар сари найза афрохта, мардумро ба мубориза барои адолат даъват менамояд.
Баъди пирӯзӣ ин дирафш дар байни мардум мақоми хос пайдо мекунад. Онро бо зару ҷавоҳир оро медиҳанд ва ба рамзи озодӣ, адолат ва пирӯзӣ табдил медиҳанд.
Фирдавсии бузург ин воқеаро дар «Шоҳнома» чунин тасвир кардааст:
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
Ин ривоят танҳо қиссаи як оҳангари далер нест. Он бозгӯи муборизаи мардум бар зидди зулм ва талош барои адолату озодӣ мебошад.
Бо гузашти вақт, Дирафши Ковиёнӣ ба яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ табдил ёфт. Онро ҳангоми ҷангу набардҳо пешопеши сипоҳ мебурданд. Шоҳон низ онро бо зару ҷавоҳир ва матоъҳои гаронбаҳо оро медоданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ аз он ҳамчун рамзи ифтихору пирӯзиҳои ворисони Фаридун ёд мешавад.
Тибқи ривоятҳои таърихӣ, Дирафши Ковиёнӣ то замони суқути давлати Сосониён ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ боқӣ мондааст.
Дар бораи суннати парчамдории ниёгони мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ андешаҳои арзишманд баён намудаанд. Аз ҷумла, аз ливои Куруши Кабир, ки дар он тасвири уқоб ҳамчун рамзи қудрату тавоноӣ нақш баста буд, ёдовар шудаанд. Ҳамчунин, Дирафши Коваи бузургро нишонаи меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо арзёбӣ намудаанд.
Ҳамаи ин далелҳо нишон медиҳанд, ки парчам дар таърихи миллати тоҷик танҳо як рамзи зоҳирӣ набудааст. Он ифодагари давлатдорӣ, озодихоҳӣ, муттаҳидӣ ва ифтихори миллӣ будааст.
Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи парчамдории ниёгон ва арҷгузорӣ ба мероси онҳо барои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳамияти калон дорад. Мо бояд ин арзишҳоро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда низ расонем.
Зеро эҳтиром ба парчам, пеш аз ҳама, эҳтиром ба таърих, миллат, Ватан ва давлатдории миллӣ мебошад.
Имрӯз парафшонии Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу субот ва оромии кишвар мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Он на танҳо рамзи давлат, балки пайвандгари наслҳо, ёдгори таърихи пурифтихор ва нишонаи масъулияти мо дар назди ояндаи Ватан аст.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад! Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамон пойдор бимонад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Ҳусниддин Холзода сардори Маркази матбуото КВД «Тоҷикаэронавигатсия»