DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Дар толори маҷлисгоҳи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.

***

Ширкати «Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе оғоз намуд. Давомнокии парвоз дар самти Душанбе – Хоруғ 55 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар сурати мусоид будани вазъи боду ҳаво анҷом дода мешаванд.

***

Намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Қазаэронавигатсия», ширкати «Air Astana» ва мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон дар баробари намояндагони маъмуриятҳои авиатсионӣ, таъминкунандагони хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар семинари байналмилалии ICAO-IATA таҳти унвони «Татбиқи фазои озоди ҳавоӣ дар хатсайр», ки рӯзҳои 17–18 ноябри соли 2026 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

Ширкати «Korean Air» масъалаи роҳандозии парвозҳои мунтазам ба Ҷумҳурии Қазоқистонро баррасӣ дорад. Иҷрои нахустин парвоз дар ин самт тобистони соли 2027 дар назар аст.

***

Дар Белгия бинобар баргузории эътирозҳо беш аз 500 парвоз лағв карда шуд. Ба иттилои ширкати «Touring», ки вазъи нақлиёти кишварро назорат мекунад, ин халалдоршавӣ ба фаъолияти нақлиётӣ ба беш аз 51 000 мусофир таъсир расонидааст.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии «Победа» ва «Centrum Air» ният доранд, ки соли 2027 парвозҳоро дар хатсайри Минералние Води – Самарқанд ба роҳ монанд.

***

Дар ҳошияи Конфронси 7-уми ҷаҳонии нақлиёти ҳавоии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Урдун Ёддошти тафоҳумро ба имзо расониданд. Тибқи созишномаи бадастомада, ширкати ҳавопаймоии «Royal Jordanian» парвозҳои мунтазамро ба Қазоқистон ба роҳ мемонад. Мувофиқи созишнома, ҳар як тараф ҳуқуқ дорад дар як ҳафта то 14 парвоз анҷом диҳад.

***

Ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» аз 22 марти соли 2027 парвозҳоро дар хатсайри Доҳа – Малта барқарор менамояд. Парвозҳо ҳафтае се маротиба анҷом дода мешаванд.

***

Аз 2 декабри соли 2026 ширкати ҳавопаймоии «Aegean Airlines» парвозҳои мустақимро дар хатсайри Афина – Димишқ барқарор менамояд. Дар назар аст, ки парвозҳо ҳафтае то чор маротиба анҷом дода шаванд.

***

22 ноябри соли 2026 ширкати ҳавопаймоии «Vietnam Airlines» парвозҳоро дар хатсайри Ханой – Ханчжоу оғоз намуд.

***

Ширкати ҳавопаймоии «JSX» ният дорад фаъолияти ширкати муфлисшудаи «New Pacific Airlines»-ро барқарор намояд.

***

 

 (Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Aviation Explorer, Flight Global, КВ “Қазаэронавигатсия”, Airways Magazine) 

Сегодня, 13:49
Вернуться назад