DataLife Engine / МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА

Дар доираи нақша-чорабинии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оид ба роҳ мондани омӯзиши иловагии қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия дар корхона ва филилаҳои он, вохӯрии навбатии сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шараф Изатуллоев бо намояндагони филиали корхона дар шаҳри Ҳуҷанд баргузор гардид.

Зимни чорабинии мазкур атрофи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони филиали мазкур, иҷрои вазифаҳои онҳо дар асоси қонун ва тартибот, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ибрози назар карда шуд.

Мубориза бо коррупсия таҳти таваҷҷўҳи ҳамарўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо ин мақсад ташкил ва амалӣ намудани  пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла фаъолон ва роҳбарони гуногуни ниҳодҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади тақвият додани мубориза бар зидди коррупсия дар кишвар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи то соли 2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидааст, ки дар ҳамин радиф КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои солҳои 2022-2030 оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соли 2024 тасдиқ ва амалӣ намуда истодааст.

Албатта, коррупсия мушкилии умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, самаранокии барҳам задани ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ва муқовимат бо коррупсия аз муборизаи якҷояи давлату ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

27 дек
Вернуться назад