Мубориза ва муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии тамоми давлатҳо дар ҷаҳони мутамаддин ба шумор рафта давлате нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашавад. Ба ақидаи дигар коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар ҷаҳони муосир ҳамчун унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи низоми иқтисодии давлатдорӣ эътироф шудааст. Коррупсия на танҳо ба пешрафти иқтисодиёт, балки сатҳи иҷтимоии халқро низ коҳиш дода ба бунёди эъмори давлатдорӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия ҳамчун падидаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ба паҳлӯҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ низ, чун: идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зарари ҷиддӣ мерасонад.
Ин ва дигар омилҳои зишту фалокатбори коррупсияро, ки ба раванди рушди иқтисоди миллӣ бетаъсир намемонад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб ёдоварӣ кардаанд: «Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа мебошад, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад».
Қобили зикр аст, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои муҳим буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда ҳамасола қавитар мегардад. Нишони ин гуфтаҳо бахусус соли 2006 қабул гардидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мувофиқ ба он ҷумҳурии мо вазифадор шуд, то қонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро созмон диҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» пайваста ва мунтазам дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ва иҷроиши қатъии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабул гардидани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро ҳамчун давоми мантиқии ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар корхона идома медиҳанд.
Соли 2024 бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта мувофиқ ба нақшаи баргузории вохӯриҳо, ки шуъбаи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ бо директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон тасдиқ намудааст, бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату машғулиятҳо баргузор карда шуда, инчунин барои идомаи иҷрои фармони болозикргардида кормандони корхона дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯриҳо бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар робита ба ин суҳбатҳои фаҳмондадиҳиро низ мутахассисони шуъбаи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, бо кормандони марказӣ дар шаҳри Душанбе ва филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар доир намуданд.
Ҳамзамон, илова бар нақша-чорабиниҳои таҳиягардида, дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса сардори шуъбаи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ Шараф Иззатуллоев дар ҷараёни иҷрои даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Бо мақсади вусъат бахшидани масъулиятшиносии шахсӣ бошад, назорати шаффофияти амалиётҳои пуливу молӣ дар корхона байни шахсони ҷавобгари пурраи моддӣ ва дигар шахсони таҳтиҳисоботӣ, аз ҷониби муҳосиботи корхона пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, ки чунин амал низ метавонад барои бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсия мусодат намояд.
Роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» талош бар он менамоянд, ки дар оянда низ барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як корманди корхона, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсиониро пурзӯр намуда, баҳри ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Сармутахассиси Маркази матбуот Боязитов Ф.А