Ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 дар толори “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати мамлакат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, дар қатори дигар мардуми кишвар ба кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” низ неруи тоза бахшид.
Чун ҷаласаҳои дигар Пешвои муаззам Пайёми хешро бо суханони пурмеҳри ватандӯстона оғоз бахшида, оиди пешрафти тамоми самтҳо мушаххасан ёдоварӣ намуданд. Бобати рушду нумуи кишвар, аз ҷумла бунёди роҳҳо, иншоотҳои маишию маърифатӣ, тиббию варзишӣ дар чанд соли охир бо далелҳо андешаронӣ намуда, дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузориро дар замони соҳибистиқлолӣ ва андешидани чораҳои заруриро дар ин самт саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Атрофи тақвият бахшидан ба соҳаҳои маориф ва тиб ҳамчун ду соҳаи калидии кишвар низ Пешвои миллат ибрози назар намуда, корро дар ҳар ду самт ҳануз қобили қабул ва ҷавобгӯ ба талаботи давр напиндоштанд. Махсусан, савияи дониш ва интизоми донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии кишварро мавриди танқид қарор дода, таъкид ба амал оварданд, ки роҳбарони вазоратҳои мазкур ба ҳалли ин масъалаи мубрам диққати ҷиддӣ диҳанд.
Махсусан, бобати масъалаи самаранок истифода нашудани гиёҳҳои шифобахши кишвар аз тарафи мутахассисон ва бо нархи гарон ворид гардидани маводи доруворӣ ба кишвар Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуданд.
Пешвои миллат ҳамчунин зимни ироаи Паёми хеш истифодаи босамари техника ва технологияи нав ва дар ин самт рӯ овардан ба кишварҳои тараққикардаи оламро махсусан қайд намуда, Кумитаи андоз вазифадор карда шуд, ки якҷо бо мақомотҳои марбута ба беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ диққати ҷиддӣ равона созанд.
Чун Паёмҳои қаблӣ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон атрофи қадру манзалати занон ва зиёд намудани сафи онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ суханони саршори меҳр садод дод. Аз ҷумла, Пешвои миллат ёдрас шуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.
“Ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чун ки, ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Ҳамчунин занон дар ҷомеаи имрӯза қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем,-ҷумлаҳое буданд саршор аз меҳр ва эътиқод, ки Пешвои миллат дар он асно ба забон оварданд.
Боварияшонро нисбат ба ҷавонони кишвар қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар бораи дастовардҳои назарраси ин қишри ояндасози ҷомеа дар самтҳои илм, фарҳанг, тиб, варзиш, саноату иқтисодиёт ва дигар ҷанбаҳо боисти таҳсин шумориданд.
Бо далел ва шумораҳои мушаххас ҳунарнамоии варзишгарони ҷавонро дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо ифтихор ёдрас шуда, барои боз ҳам фаъолияти густурда нишон додан ва бадин васила номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардан дастурҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар интиҳо Пешвои миллат соли 2024-ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки ин бори дигар мардуми шарифи кишварро ҷониби ҳифз ва риояи қонун, покиза гуфтану покиза зистан ва роҳ надодан ба амалҳои номатлуб раҳнамун месозад.
Умедворем, Паёми имсола дар пешбурди самаранокии сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, аҳли меҳнатқарини кишвар ба иҷрои вазиваҳои бардуш гирифта бо ғайрати дучанд камар мебанданд. Итминони комил дорем, пиру барнои кишвар чун як қувваи бузурги бешикаст дар паҳлуи фарзонафарзанди баномуси диёр Эмомалӣ Раҳмон рост истода, бо диловарию зафар ва матонату ғайрати даҳчанд парчами Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар баланд мебардоранд.
Сармутахассиси Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Иброҳимзода Муҳаббат