DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Санаи 15-уми январи соли 2024 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Директор Набизода Азиз, сардори шуъбаи танзими парвозию техникӣ Шарипов Зиёдулло ва сармутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалӣ Толибов Мустафо бо муовини роҳбари Лоиҳаи Рушди Деҳот тавассути муносибатҳои рушди бозоргони USAID Сабоҳат Дӯстова ва Тахмина Саломова мутахассис оиди дастрасии бозор доир гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳо доир ба имконияти интиқоли маҳсулотҳои кишоварзии зудвайроншаванда ба воситаи хатсайри ҳавоӣ муҳокима гардиданд.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шарики консерти калони симфонии байналмилалии “Садои дӯстӣ” гардид, ки санаи 19-уми январ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Дар консерти мусиқии анъанавии классикӣ навозандагон аз Федератсияи Россия низ ширкат меварзанд ва дар умум дар саҳнаи театр зиёда аз 80 нафар мусиқачиён таҳти роҳбарии дирижёри итолиёвӣ Джерардо Колелла ҳунарнамоӣ хоҳанд намуд.

***

25-уми январ ширкати “Air Astana” рӯзҳои дарҳои кушодро эълон менамояд, ки хоҳишмандон доир ба омӯзиши сарнишинон аз ҷониби ширкат ва имкониятҳои шуғли ояндаи онҳо дар ширкати мазкур маълумот дастрас менамоянд.

***

Аз 16-уми январи соли 2024 мусофироне, ки бо ширкати “Азимут” аз Минск ва Кемерово парвоз менамоянд, метавонанд пеш аз расидан ба фурудгоҳ дар сомонаи расмии ширкат сабти ном намуда, чиптаҳоро харидорӣ намоянд.

***

Мутахассисон ва олимони чавони Корпоратсияи давлатии “Роскосмос” аз заводи авиатсионии Новосибирск дидан намуда, бо раванди истеҳсолии он ошно гардиданд.

***

Дар фурудгоҳи Саппоро дар шимоли Ҷопон як ҳавопаймои ширкати “Korean Air Lines” бо 276 мусофир ҳангоми омодагӣ ба парвоз ба як ҳавопаймои ширкати “Cathay Pacific Airways” Ҳонгконг бархурд. Ширкати ҳавопаймоии Корея дод, ки дар ин садама касе осеб надидааст.

***

Ширкати “Nordwind” нақша дорад, ки парвозҳоро байни Қазон ва Улан-Уде моҳи майи соли 2024 оғоз намояд.

***

Аввалин парвози транзитӣ аз Кемерово тавассути Уфа ба Минералние Водӣ амалӣ гардид.

***

Дар фурудгоҳи милии Минск таҷҳизоти системаи интиқоли бағоҷ таҷдид мегардад. Навсозии системаи мазкур метавонад ба коҳиш додани вақти бақайдгирии мусофирон, санҷиш ва нигоҳдории бағоҷ мусоидат намояд.  

***

Дар Комсомолске-на-Амуре сохтмони заводи истеҳсолкунандаи ҳавопаймои “Байкал” оғоз гардид.

***

Дар фасли баҳор парвозҳои мустақим аз Қазон ба шаҳрҳои Улан-Уде, Якутск ва Кемерово оғоз мегарданд.

***

Ширкати “ИрАэро” аз 25-уми феврали соли 2024 парвозҳои мунтазамро аз Иркутск ба Нҳа Транг (Ветнам) ва аз аввали моҳи март ба Манила (Филиппин) бо фуруди техникӣ дар Чин оғоз менамояд.

***

Ҳафтаи гузашта ширкати “Qatar Airways” аввалин парвозҳои худро байни Доҳа ва Ал-Улаи Арабистони Саудӣ амалӣ намуд.

***

Ифтитоҳи фурудгоҳи “Navi Mumbai Airport” дар соли 2025 пешбинӣ гардидааст. Анҷоми марҳилаҳои 1 ва 2 сохтмони фурудгоҳи нав то 31-уми марти соли 2025 дар назар аст. Пас аз анҷоми 5 марҳилаи тарҳрезишуда иқтидори хизматрасонии 9 миллион мусофирро доро мегардад.

***

Ширкати “Boeing” дар Ҳиндустон маркази тақсимоти қисмҳои эҳтиётиро ифтитоҳ намуд. 

***

(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Сомон Эйр, Aviation Explorer, Flight Global, Aviation Source News)

17 янв
Вернуться назад