Санаи 21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавозии самимонаи дӯстони қатарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дидору гуфтугӯи имрӯзаро идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд арзёбӣ карданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро муҳокима карда, нақши парлумонҳо ва Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатии ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардид. Масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар арсаҳои гуманитариву фарҳангӣ низ мавриди муҳокима қарор доштанд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот карданд. Дар рафти суҳбат масоили ҳамкорӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар баррасӣ карда шуд. Баргузории Форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” омили муҳими густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша карданд. Дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо саҳми босазо мегузоранд.
Дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти мазкурро барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳо муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия мебошад. Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди иқтисоди “сабз” “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023 - 2037” -ро қабул намудааст. Дар Тоҷикистон ба мақсади истеҳсоли нерӯи барқ аз дигар сарчашмаҳои барқароршаванда, ба монанди манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷониби Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳаҳоро омухта, дар татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ду ҷониб ва ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо саҳми босазо гузоранд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имкониятҳои бузург мавҷуд ҳастанд. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Қатар дар татбиқи чанде аз тарҳҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб иштирок намояд. Дар рафти мулоқот масоили баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, муҳокима карда шуд. Бо дарназардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон, сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб боманфиат арзёбӣ гардид. Ҳамчунин зимни мулоқот пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” таъсис дода шавад.
Манбаъ: http://prezident.tj/