DataLife Engine / ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР БАРРАСИИ КОРМАНДОНИ АВИАТСИЯ

ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР БАРРАСИИ КОРМАНДОНИ АВИАТСИЯ

Бо мақсади тавзеҳ ва ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ҶСК “Тоҷик Эйр” бо иштироки Дилшод Сафарзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назира Амирбекзода директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, номзади илмҳои филологӣ, Шодмонбекзода  Парвиз директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр”, роҳбарони Раёсатҳои корхонаҳои авиатсионӣ ва кормандони соҳа ҷаласа баргузор гардид.

    

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Дилшод Сафарзода иброз намуд, ки  Пешвои милллат дар оғози Паём ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуданд, ки соли 2023 бо вуҷуди душвориҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бобарор буд. Зеро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа–ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин раванд авиатсии граждании ҷумҳури бо корхонаҳои авиатсионии худ низ рушд намуда, баҳри васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, таҷдид ва сохтмони иншоотҳои гуногуни соҳа, беҳтар намудани сифати хизматраонӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо, дастрас ва харидории ҳавопаймоҳои гуногунҳаҷм, ҷалби сармоягузории хориҷӣ баҳри рушди соҳа ба дастовардҳои хуб ноил гардид.

 

Назира Амирбекбекзода бахшида ба тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Паём дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз дорад.

 

Иштирокдорон иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас  гузошт.

 

Бояд қайд намуд, ки роҳбарият ва кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастурамали доимии худ қарор дода, дар татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳамаҷониба камари ҳиммат бастаанд.   

     

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

2 фев
Вернуться назад