DataLife Engine / РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ САФИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР МУБОРАК ИБНИ АБДУРРАҲМОН АЛ-НАСРРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД

РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ САФИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР МУБОРАК ИБНИ АБДУРРАҲМОН АЛ-НАСРРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдураҳмон Ал-Насрро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафири навтаъйинро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар пешбурди рисолати дипломатӣ ба ӯ комёбӣ орзу намуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қатар ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар қолаби минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду давлати бо ҳам дӯст таҳким меёбанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатарро ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Қатар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи Ҷоми Осиё — 2023 оид ба футбол, инчунин пазироии самимӣ ва ташкили шароити мусоид ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол изҳори сипос намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории давлатҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.


7 фев
Вернуться назад