DataLife Engine / ИМРӮЗ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД

ИМРӮЗ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок бо хоҳиши ӯ мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Корея мавриди музокира қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Квон Донгсокро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон — дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии давлатҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузорад.

 

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Корея ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд. Давоми солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун амалӣ шудаанд.

Иштирокчиёни мулоқот ҳавасмандиашонро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳрдорӣ, рақамикунонии соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ, рушди муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон вобаста ба бунёди корхонаҳои муштарак таъкид намуданд.

                                                                                            

                                                                     АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

7 фев
Вернуться назад