Фурудгоҳи беназири байналмилалии Кансайи Ҷопон, ки дар ҷазираҳои сунъӣ дар халиҷи баҳр сохта шудааст, тадриҷан зери об мемонад. Ба гуфтаи коршиносон агар вазъият тағйир наёбад, фурудгоҳ метавонад то соли 2056 фаъолияташро қатъ намояд.
Фурудгоҳи Кансай дар ҷазираи сунъӣ ҷойгир буда, бо се шаҳри Осака – Изумисано, Шеннан ва Тадзири хизмат мерасонад. Бандари байналмилалии ҳавоӣ дар соли 1994 барои рафъи бандшавӣ дар маркази дуввуми ҳавоии Осака-Итами (ҳоло танҳо барои ҳаракати дохилӣ истифода мешавад) сохта шудааст.
Барои тарҳрезии лоиҳаи фурудгоҳ меъмори итолиёвӣ Рензо Пиано даъват шуд, ки дарозтарин терминалро дар ҷаҳон (1,7 км) сохтааст. Хавфи доимии заминҷунбӣ ва тӯфон дар ин минтақа муносибати вижаи таҳиягаронро тақозо мекард, ки дар натиҷа арзиши сохтмон хеле гарон шуд. Аммо ин ба афзоиши шумораи мусофирон таъсир намерасонад, дар солҳои охир шумораи мусофирон ба 28 миллион нафар расид, ки зиёда аз 21 миллион нафари онҳо барои парвозҳои байналмилалӣ аз ин фурудгоҳ истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, фурудгоҳи Кансай 3-юмин фурудгоҳи серодам дар Ҷопон маҳсуб гардида - он дорои ду терминал ва ду хати парвоз мебошад.
Ин лоиҳаи муҳандисии машҳур дар аввал як қатор душвориҳо вобаста ба хусусияти хок ва фаъолияти сейсмикии минтақа дошт, вале бинокорон аз ӯҳдаи ин вазифа баромаданд, яъне дар халиҷ боз ҷазираҳои сунъӣ бунёд гардида, дар болои он фурудгоҳ бо хатҳои парвоз ва терминалҳо ҷойгир намуданд.
Дар давоми солҳои фаъолияти худ фурудгоҳ ба муштариён бомуваффақият хизмат расонида, ба заминчунбӣ ва туфонҳо тоб овард, вале таҳлилҳои солоҳои охир нишон медиҳад, ки фурудгоҳ аз сабаби паст шудани хок оҳиста-оҳиста зери об меравад. Тибқи иттилои ниҳоӣ ҷазира аллакай 12 метр паст гардида, қисми марказӣ нисбат ба канорҳо зиёдтар дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дорад. Метавон гуфт, ки агар вазъият тағйир наёбад, фурудгоҳ баъди 30 сол комилан зери об хоҳад гашт.
Ширкатҳои “Japan Airlines”, “All Nippon Airways” ва “Nippon Cargo Airlines” дар парвоз ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Кореяи Чанубӣ, Ветнам, Таиланд, Индонезия, Филиппин, Сингапур, Непал, Британияи Кабир, Нидерландия, Фаронса, Олмон, Финландия, Россия, АМА, Туркия ва дигарон ба мусофирон мусоидат менамоянд.
Ғайр аз терминал, дар минтақаи фурудгоҳ меҳмонхонаи “Nikko Kansai Airport”, тарабхона, мағозаи шабонарӯзӣ ва маркази тиҷоратӣ ҷойгир буда, хизматрасонии автобусҳо, қатораҳо ва автомобилҳои сабукрав низ дастрас мебошад.