DataLife Engine / САРФАИ ВАҚТ ДАР ЛОИҲАКАШИИ ҲАВОПАЙМО ВА АВТОМОБИЛ

САРФАИ ВАҚТ ДАР ЛОИҲАКАШИИ ҲАВОПАЙМО ВА АВТОМОБИЛ

Олимони Донишкадаи авиатсионии Москва барнома оид ба таҳияи прототипи маҷозии механизмро омода намуданд. Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки дастгоҳҳои нави техникӣ бо истифода аз усулҳои математикии моделсозии компютерӣ тарҳрезӣ гарданд. Инчунин барнома метавонад фаъолияти як гурӯҳи пурраи тарроҳонро амалӣ намояд.

Тибқи иттилои мутахассисони донишкадаи мазкур, ин барнома  ҳангоми лоиҳакашӣ хусусиятҳои соҳаи кайҳоннавардӣ ва авиатсияро ба назар гирифта, онро дар дигар соҳаҳои саноат, аз қабили мошинсозӣ, роботсозӣ ва таҳияи асбобҳои гуногуни саноатӣ низ истифода менамояд.

Дар интерфейси барнома муҳандис механизмеро аз қисмҳои қаблан тавсифшуда ҷамъоварӣ, сипас ҳаракати онро мувофиқи қонунҳои механика ҳисоб намуда намунаи ниҳоиро дар шакли визуалӣ ва графикҳо нишон медиҳад. Ҳамин тариқ, барнома имкон медиҳад, ки намуна дар шакли виртуалӣ омода ва санҷида шавад, ки он вақт ва маблағро барои ислоҳи маҳсулот сарфа менамояд.

Инчунин изҳор гардид, ки намунаи чунин технологияи кишварҳои хориҷ барои ин фаъолият 10-15 дақиқаи худро сарф менамоянд, аммо намунае, ки онро донишкада таҳия намудааст, ҳамагӣ лоиҳакаширо дар се дақиқа ба иҷро мерасонад.  

Намунаи асосии барнома аллакай барои истифода омода аст. Дар соли 2024 дар кафедраи 802 “Мехатроника ва механикаи назариявӣ”-и Донишкадаи авиатсионии Москва дар назар дошта шудааст, ки курси такмили ихтисоси прототипсозии виртуалӣ бо истифода аз намунаи барномаи мазкур ифтитоҳ гардад.

АКС аз манбаъҳои боз  
21 фев
Вернуться назад