DataLife Engine / КАФИЛИ АСОСИИ БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

КАФИЛИ АСОСИИ БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

«Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».,-омадааст дар яке аз моддаҳои  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он  хурду бузурги кишварро новобаста аз сину сол, ҷинс, забон ва касбият ба ҳифзи ватани ҷоноҷон ва иҷрои вазифаҳои   дар ихтиёрдошта    водор менамояд.

     Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро соҳиб шудан ба нуқтаи асосӣ, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ диққати хоса зоҳир намуда, барои пурқувват намудани ин самти ҳаётан муҳими кишвар тамоми чораҳоро андешид. Ин буд, ки новобаста  аз вазъи сиёсӣ, аниқтараш баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фарогирии кишвар ба вазъи печидаи ҳарбӣ, сиёсӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Ба таъсиси Қуввае, ки  барои бунёд ва фаъолият  ягон заминаи моддиву техникӣ надошт ва аз сифр шурӯъ шуд ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ.

      Қувваҳои Мусаллаҳе, ки аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳилаи аввалияи хеш, давраи ибтидоии Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани онро пушти сар намуд.

Имрӯз он кудаки навтавлид ҷавони бакамолрасидааст. Ба майдони ҳарбӣ 31-умин соли фаъолият пой мениҳад ва сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд.

   Артиши миллие, ки  тавассути тадбирҳои андешидаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва  ба нерӯи мунтаззами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфтааст. Хизмати шоистаи дигари  фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ  дар он таҷассум меёбад, ки дар марҳилаи бисёр ҳассосу ҳалкунанда  қӯвваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартаридошта тавонист стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароварад.

     Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда, қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд ва лозим омад ки артиши навтаъсиси умедвору устувор корро дар ҷои холӣ оғоз намояд . Хушбахтона  сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷи ҳифз  карда метавонад.

         Тавре ки дар оғоз баён доштем, дар остонаи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро албатта пеши назар меорад.

Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои артиш ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мукунад. Артиши ҷавони Тоҷикистон хусусан дар солҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

        Имрӯз Тоҷикистон дар шумори  кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад ва  Артишии миллии онро  ҷавонони бонангу номус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодӣ бо неруи тавоно соҳибӣ менамоянд.

     Бо  ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамадунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор 31-юмин умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хоса ба ҷавонони диловару навовар муборакбод намуда, дар роҳи душвору мушкилписанди ҳарбӣ ба низомипӯшони ватандӯст, муҳофизони хоки муқаддас сарбаландию сиҳатмандӣ ва сабуриро таманно менамоям.

    Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Ватан, дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд.

          Сармутахассиси Маркази 
 матбуоти КВД "Тоҷикаэронавигатсия"
          Муҳаббат Иброҳимзода
                                                                    
22 фев
Вернуться назад