DataLife Engine / ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ ДАР ОМӮЗИШИ ПАРТОВҲОИ КАЙҲОНӢ

ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ ДАР ОМӮЗИШИ ПАРТОВҲОИ КАЙҲОНӢ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта”-ро тасдиқ намуданд, хабар медиҳад AVIA.RU.

Дар доираи амалӣ намудани созишномаи мазкур зарфиятҳои расадхонаҳои Академияи миллии илмҳо барои таҳқиқот истифода мегарданд. Ҳадафи асосии созишнома дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия омӯзиши партовҳои кайҳонӣ ва дигар объектҳо мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расадхонаҳо дар Ҳисор, дар кӯҳи Санглохи ноҳияи Данғара, инчунин дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистон, ки ҳаво дар аксари рӯзи фаслҳои сол соф буда, барои гузаронидани тадқиқот мусоид мебошад, қайд гардид дар дафтари Академияи миллӣ илмҳои Тоҷикистон.

29 фев
Вернуться назад