Ширкати “Nordwind Airlines” барномаи парвози худро аз фурудгоҳи Уфа густариш мебахшад. Ширкати мазкур ҳамчунин тасмим дорад, ки аз 7-уми марти соли 2024 парвозҳои мустақими мунтазамро ба яке аз калонтарин шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуҷанд барқарор намояд. Дар ин бора AVIA.RU бо такя ба маълумоти фурудгоҳи Уфа хабар медиҳад.
Тибқи ҷадвал, парвозҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе тавассути ҳавопаймои Boeing 737-800, ки барои 189 мусофир пешбинӣ шудаанд, ба нақша гирифта шудааст. Давомнокии парвоз се соат хоҳад буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ширкати “Nordwind Airlines” барномаи парвозро дар масири Уфа-Хуҷанд дар соли 2021 оғоз намуда, дар соли 2023, ин интиқолдиҳанда парвозҳоро аз 28-уми апрел бо басомади як парвоз дар як ҳафта анҷом дод.