DataLife Engine / «ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». МАБЛАҒИ ҶОИЗАҲОИ ПУЛИИ МУСОБИҚА 100 ҲАЗОР ДОЛЛАРРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». МАБЛАҒИ ҶОИЗАҲОИ ПУЛИИ МУСОБИҚА 100 ҲАЗОР ДОЛЛАРРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

8 март дар Муассисаи давлатии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мусобиқа зиёда аз 200  варзишгар аз 40 давлат иштирок намуда, маҳорат ва малакаи варзишиашонро нишон медиҳанд. Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро  ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани ин мусобиқаҳои варзишӣ- ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони  пойтахт  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз  навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа -ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ мебошад.

Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои  оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

                                                                                                                             АКС аз манбаъҳои боз

6 мар
Вернуться назад