DataLife Engine / ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

Санаи 7-уми март дар толори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона доир гардид.

 

Чорабиниро бо сухани табрикотӣ муовини аввали директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода  ифтитоҳ намуда, аз номи Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ бонувони корхонаро таҳният гуфт. Ҳамчунин дар бораи қадру манзалати зан, нақши назарраси он дар ободии оила ва тарбияи фарзанд, инчунин дар бораи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан-модар суханронӣ намуд.

 

Сипас муовини Директори генералӣ Саидзода Раҳимҷон, роҳбари  Дастгоҳи директори генералӣ Аҳмадзода Зафар, сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнат Хоҷаев Олим, раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия”  Сироҷзода Эмомназар, ҳамчунини кормандони дигар Муродов Илҳом, Афсаҳзода Аббос, Исрофилзода Некрӯз, Зикаева Сарвиноз ва Ҳусейнов Пайрав  бобати нақши зан дар ободии оила ва коргоҳ, тарбия фарзанд ва нақши муассири зан-модар дар рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, рушди санъату ҳунар, илм, тиб ва иқтисоду авиатсия   суханронӣ намуда, дар радифи гуфтаҳои пурмуҳтавои хеш бонувони корхонаро бо таҷлили “Рӯзи модар” самимона шодбош намуданд.

    

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти корхона бонувон бо гулдаста ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ гардиданд.

 

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

 

7 мар
Вернуться назад