8-уми март дар Муассисаи давлатии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ-«Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид, ки дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бевосита ширкат намуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки гӯштингирӣ ҳамчун қадимтарин намунаи варзиши мардумӣ реша дар таърихи мо ниҳода, дар рагу пайванди ҳар сокини Тоҷикистон, дар хуни паҳлавонони чусту чолок ва муаррифгари миллати тоҷик ҷараён дорад. Ин намуди варзиш ҳазорсолаҳо пеш миёни мардуми кӯҳистон, анана дошт ва ҳангоми тую сур, ҳангоми базму тараби шоҳон доир мегардид ва бадин васила ҷавонмардони диловару ватанпарвар, ҷавонони дорои нангу номус пайдо мешуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон низ нуфузи ин намуди варзиш боло гардида, мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор гирифта, зери ҳидояту дастгириҳои эшон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё гардида, вусъати тоза пайдо намуд ва дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.
Таваҷҷуҳи варзишпарваронаи давлату ҳукумат руҳияи паҳлавонони тоҷикро боло бурда, иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо шаҳодадест аз он ғамхориву пуштибонӣ. Гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро дар дохилу хориҷи кишвар васеъ намуда, барои ноил гардидан ба мақоми байналмилалӣ заминаи боэътимод фароҳам оварад. Такроран арз бояд дошт, ки яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ - ин эҳё ва рушди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ маҳсуб меёбад ва ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ метавонад барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат, таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона гардад. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ғолибияти пайвастаи гӯштингирони тоҷик боиси он гардид, ки дар саҳифаи варзиши мамлакат боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ ба вуқӯъ пайваст. Гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва корҳои дохилии кишвари Шветсария 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200 варзишгар аз 39 давлати олам ширкат варзида, маҳорат ва малакаи варзишии худро намоиш доданд. Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, ҳадафи асосӣ аз гузаронидани ин мусобиқаҳои варзишӣ- ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.
Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян гардиданд, ки дар ин мусобиқа гуштингирони тоҷик маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, аз 7 вазне, ки дар мусобиқа пешбинӣ гардида буд, дар чортои он медалҳои тиллоро соҳиб гардиданд. Шумораи медалҳои бадастоварда ва гурӯҳӣ дастаи Тоҷикистонро ба ноил шудан ба мақоми аввал шарафёб намуд.
Умед аст, ки гуштингирони боҷасорату номбардори тоҷик дар мусобиқаҳои дигари байналмилалӣ иштирок варзида, Тоҷикистонро дар арсаи олам муаррифӣ менамоянд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чорабинии мазкур ба хотири пайдо намудани ҷавонон ва наврасони чусту чолок, ки дар мусобиқаҳои дигари байналмилалӣ фаъолона иштирок варзида, нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун диёри мардони майдон дар арсаи олам муаррифӣ менамоянд, саҳмгузорӣ намуд.Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»