DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Норасоии муҳаррики Dreamliner ширкати ҳавопаймоии Зеландияи Нав “Air New Zealand” аз 31-уми март то 25-уми октябри соли 2024 сабабгори лағв шудани парвозҳои мустақим байни Окленд ва Чикаго мегардад. Тавре зикр гардид, ин ба мушкилоти ҷории мавҷудияти муҳаррикҳои Rolls-Royce Trent 1000, ки дар ҳавопаймоҳои Boeing 787 Dreamliner истифода мешаванд, вобастагӣ дорад.

***

Ширкати “Азимут” барои оилаҳои серфарзанди шаҳрвандони Россия 15 фоиз тахфиф пешниҳод менамояд, ки дар доираи иқдоми мазкур барои кӯдакони аз 2 то 12-сола 25% тахфиф пешбинӣ гардидааст.

***

Ширкати фурудгоҳҳои Африқои Ҷанубӣ (ACSA) барои такмил додани инфрасохтори фурудгоҳҳои кишвар то 1,17 миллиард доллари ИМА ҷудо намуд.

***

Фурудгоҳи Пулково дар ҳамкорӣ бо ширкати “Nexign” Системаи нави портали корпоративиро ҷорӣ намуд, ки тавассути он беш аз 4000 корманд ба таври рақамӣ пайваст гардиданд. Бояд зикр намуд, ки аксари  онҳо дар терминал ва фурудгоҳҳо фаъолият менамоянд. Портали корпоративӣ дастрасӣ ба профил ва аккаунти шахсии корманд, хабарҳо, изҳори сипос, сохтори ширкат, феҳристи телефон, пурсишҳо, санҷишҳо ва ғайраро фароҳам меоварад. Ҳамчунин, дастрасӣ аз компютери мизи корӣ ва дастгоҳҳои мобилиро таъмин менамояд.

***

Аз моҳи майи соли ҷорӣ парвози мустақим дар масири нав миёни Улан-Уде ва Қазон оғоз мегардад.

***

Ширкати “Россия” шумораи парвозҳоро аз Москва ба Саратов зиёд менамояд.

***

Ассотсиатсияи фурудгоҳҳои Олмон ADV ба 90 ҳазор мусофир тавсия дод, ки ба лағви эҳтимолӣ ё таъхири парвозҳо дар санаи 14-уми март ба далели корпартоӣ омода шаванд. Аз 12-уми март дар Олмон стюардессаҳо ба эътироз баромаданд ва санаи 14-уми март афсарони амнияти авиатсия ба онҳо ҳамроҳ мешаванд. Қарор аст, ки корпартоӣ дар фурудгоҳҳои панҷ шаҳри Олмон - Берлин, Гамбург, Штутгарт, Карлсруэ/Баден-Баден ва Кёлн баргузор мешавад. ADV тахмин менамояд, ки беш аз 580 парвоз дар ин фурудгоҳҳо метавонанд лағв шаванд.

***

12-уми март Агентии авиатсияи граждании Гурҷистон барои парвозҳо аз Амстердам ба Тифлис ба ширкати “Transavia”-и Ҳолланд ва аз Истанбул ба Тифлис ба ширкати туркӣ “Ajet” иҷозат дод, ки парвоҳои ширкатҳои “Ajet” аз 31-уми март ва “Transavia” аз 20-уми апрел оғоз мегарданд.

***

Ширкати “Emirates” пас аз таҷдид дар Ҳонконг толори аз нав тармимгаштаро барои беш аз 130 нафар ифтитоҳ намуд.

***

Ширкати “Aer Lingus” дар Дублин шарикии нави мубодилаи рамзҳоро бо ширкати “Qatar Airways” дар Доҳа имзо намуд.

***

14-уми март чархболи Ми-8 дар вилояти Магадан суқут намуд. Додситони нақлиётии Шарқи Дур хабар дод, ки сабаби суқути чархболи Ми-8 дар вилояти Магадан мушкилии муҳаррик мебошад. Тибқи иттилоои мақомоти мазкур дар чархбол 3 узви экипаж ва 17 коргари кони тилло ҳузур доштанд. Дар бораи теъдоди қурбониён иттилоъи расмӣ вуҷуд надорад. Ба Интерфакс хадамоти ҳолатҳои фавқуллода дар бораи ҳалокати ду нафар иттилоъ доданд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/)

14 мар
Вернуться назад