DataLife Engine / ҶОРӢ НАМУДАНИ ПОРТАЛИ КОРПОРАТИВӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ПУЛКОВО

ҶОРӢ НАМУДАНИ ПОРТАЛИ КОРПОРАТИВӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ПУЛКОВО

Фурудгоҳи Пулково дар ҳамкорӣ бо ширкати “Nexign” Системаи нави портали корпоративиро ҷорӣ намуда, тавассути он беш аз 4000 кормандеро, ки аксари онҳо дар терминал ва фурудгоҳ фаъолият менамоянд ба таври рақамӣ пайваст гардонд.

Модул як қисми Neon HRM мебошад, ки дар ҳалли ҳамаҷонибаи идоракунии кормандон ва хизматрасониҳои кадрии ширкат мусоидат менамояд.  

Ҳамчунин, портали корпоративӣ дастрасӣ ба профил ва аккаунти шахсии корманд, хабарҳо, изҳори сипос, сохтори ширкат, феҳристи телефон, пурсишҳу санҷишҳоро фароҳам оварда, дастрасиро аз компютери мизи корӣ ва дастгоҳҳои мобилӣ низ таъмин месозад.

Лоиҳа дар муддати рекордӣ - 1,5 моҳ амалӣ гардид. Тавассути воситаи “low-code” ва “no-code” операторони фурудгоҳ метавонад модулҳои Neon-ро вобаста ба эҳтиёҷоти тиҷоратӣ бидуни ҷалби таҳиягарон танзим намояд.

14 мар
Вернуться назад