DataLife Engine / ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛИТВА ДАР БАХШИ ТРАНЗИТИЮ НАҚЛИЁТӢ ВА ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРРАСӢ ШУД

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛИТВА ДАР БАХШИ ТРАНЗИТИЮ НАҚЛИЁТӢ ВА ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРРАСӢ ШУД

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Литва дар соҳаи нақлиёт имрӯз дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳури Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Эгидиус Невикас баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва имконияти густариши ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Литва, аз ҷумла дар бахши транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва 13 августи соли 1992 барқарор гардида, Литва яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Аврупо мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Литва танҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 18759,4 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он 88,3 ҳазор доллар ба содирот ва 18671,1 ҳазор доллар ба воридот рост меояд. Асоси шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, имрӯз он аз 5 ҳуҷҷат иборат аст.

                                                        

                                                                                                          АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

15 мар
Вернуться назад