Паррандаҳо яке аз душманони хатарноки ҳавопаймо ба ҳисоб рафта, тибқи маълумоти ИКАО, ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 15 ҳазор ҳодисаи авиатсионӣ, алоқаманданд ба бархӯрди ҳавопаймо ва парранда рух медиҳанд, гарчанде 80% он ҳодисаҳо дар гузоришҳо баён намешаванд. Паррандаҳо дар вақти парвоз ва дар хатти парвоз ба ҳавопаймо хавфи ҷиддӣ эҷод намуда, ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон аз чунин ҳодисаҳо, ба гуфтаи коршиносон дар як сол беш аз 1 миллиард доллари ИМА зарар мебинанд.
Хатто як соҳаи махсуси илм — орнитологияи авиатсионӣ вуҷуд дорад, ки бархурди ҳавопаймо бо паррандагон, инчунин усулҳои биологӣ ва технологии муборизаи зидди ин гуна ҳодисаҳоро меомӯзад. Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳои зараровар аз дастгоҳҳои биоакустикӣ истифода менамоянд, ки дар ҳудуди фурудгоҳҳо ҷойгир шудаанд. Чунин дастгоҳҳо овози якчанд намуди паррандаҳоро такрор ва дар радиуси 220 метр ҳифзи минтақаро таъмин мекунанд. Оташ, чароғ ва дигар воситаҳо низ истифода мегарданд, ки барои таъмини бехатарии парвозҳо равона шудаанд.
Барои бартараф намудани ин мушкилӣ усули ягона таҳия нашудааст, вале ҳалли онро ҳар як фурудгоҳ ба таври худ ба роҳ мондааст. Баъзеҳо аз сирена ва баъзеи дигар аз пиротехникӣ истифода мебаранд. Ширкате мавҷуд аст, ки дронҳои махсуси ба лочин монандро таҳия намуда, ба ин восита паррандагонро аз мавзеи парвоз дур менамоянд. Ҳатто фурудгоҳҳое ҳастанд, ки буз, гӯсфанд ва ламаро дар худ нигоҳ медоранд, ки тамоми растаниҳои мавриди таваҷҷӯҳи паррандаҳоро, несту нобуд созанд.
Ҳамчунин, дар фурудгоҳҳои “Домодедово” ва “Внуково”-и Федератсияи Россия лочину шоҳинҳои махсус парвариш ёфта, тавассути паррандаҳои зикршуда ҳодисаҳои хатарнок бартараф карда мешаванд. Чунин таҷриба дар фурудгоҳҳои Санкт-Петербург, Нижний Новгород, Ню-Йорк, Антверпен ва ҳамчунин дар бисёре аз шаҳрҳои дигари ҷаҳон низ гузаронида шудаанд.
Масалан, дар Фурудгоҳи байналмилалии Пирсон (Торонто) паррандаҳои даррандаи махсус таълим додашударо барои тарсондан ё нобуд кардани рамаҳои паррандагон истифода менамоянд ва шумораи хатари бархӯрд бо ҳавопаймоҳоро бамаротиб коҳиш медиҳанд. Иван ном дорад яке аз он укобҳои “диловар”, ки сабабаби ба ин ном “мушарраф” гаштанаш то ҳол махфист.
Сагҳои махсус омӯзонидашуда, масалан, зоти колли марзӣ дар мубориза бо чунин садамаҳо ёрдамчии содиқ маҳсуб мешаванд. Кормандони фурудгоҳ минтақаро бо сагҳо пайваста посбонӣ ва паррандаҳоро ба ин восита аз фурудгоҳ дур месозанд, ки ин амал аллакай самараи хуб нишон додааст. Ҳамин тавр, ба шарофати сагҳои хизматӣ аэродроми ҳарбии Делавэр (ШМА) хароҷоти таъмири таҷҳизоти дар натиҷаи зарбаи парранда вайроншударо қариб ду баробар коҳиш дод.
Имрӯзҳо фурудгоҳҳои Ню-Йорк, Торонто, Монреал, Сакраменто, Белград ва бисьёр шаҳрҳои дигар низ барои ҳалли мушкилӣ аз хизматрасонии паррандагони дарранда истифода мебаранд, ки яке аз онҳо лочинҳо буда “наҳангҳои сафеди осмон” ном бурда мешаванд. Оё усулҳои дар боло зикргардида дар ҳалли мушкилоти фурудгоҳҳо ва пешгирии ҳолатҳои хатарнок мусоидат карда метавонад? Инро вақт нишон медиҳад!