31-уми марти соли 2024 Булғористон ва Руминия ба узвияти минтақаи Шенген пазируфта шуданд, аммо айни замон танҳо қоидаҳои нав дар фурудгоҳҳо ва бандарҳои баҳрӣ татбиқ мешаванд, иттилоъ медиҳад avianews.com. Мусофироне, ки аз фурудгоҳҳои Булғористон ва Руминия ба кишварҳои Шенген парвоз мекунанд, аз назорати шиноснома намегузаранд.
Ин аслан маънои онро дорад, ки мусофирон тамоми расмиётро тибқи тартиботи парвозҳои дохилии парвоз ё фуруд ва ҳангоми сафар танҳо аз назорати амниятӣ мегузаранд. Пас аз расидан ба макони таъинот мусофирон метавонанд бағоҷи худро гирифта, озодона вориди шаҳр шаванд.
Бекор намудани назорати шиноснома боиси зарурати аз нав банақшагирии фурудгоҳҳои Булғористон ва Руминия гардид. Агар қаблан аксари мусофирони фурудгоҳҳои кишварҳои мазкур аз назорати шиноснома мегузаштанд, ҳоло як қисми зиёди мусофирон аз ин расмият озоданд.
Қайд намудан баварид аст, ки ҳанӯз дар соли 2011 Комиссияи Аврупо тасмим гирифта буд, ки Булғористон ва Руминия барои пайвастан ба минтақаи Шенген омодаанд, аммо механизми ниҳоии пайвастани ин ду давлат ба Шенген аз ҷониби Шӯрои Иттиҳоди Аврупо танҳо дар соли 2023 роҳандозӣ гардид. Санаи лағви назорати марзӣ дар сарҳади заминии Булғористон ва Руминия бошад бо кишварҳои дигари минтақаи Шенген ҳанӯз эълон нашудааст.
Акнун минтақаи Шенген кишварҳои зерин Австрия, Белгия, Булғористон, Маҷористон, Олмон, Юнон, Дания, Исландия, Испания, Италия, Латвия, Литва, Лихтенштейн, Люксембург, Малта, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Португалия, Руминия, Словакия, Словения, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Шветсария, Шветсия ва Эстонияро дарбар гирифта, минтақаи Шенген соли 1985 созишномаеро имзо намуданд, ки сарҳадҳои байни ин кишварҳоро ба таври муассир аз байн бурд.