DataLife Engine / ТАҲЛИЛИ ТАТБИҚИ НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ

ТАҲЛИЛИ ТАТБИҚИ НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ

Санаи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” фаъолияти Низоми менеҷменти сифат (НМС) ва Низоми идораи бехатарии парвозҳо (НИБП) дар соли 2023 таҳлил гардид, ки дар он роҳбарияти корхона ва сардорони раёсату шӯъбаҳои он ширкат варзиданд.

 

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади таъмини мутобиқати доимӣ, қабули қарорҳои фаврӣ, татбиқи чораҳои стратегӣ, инчунин гузаронидани таҳлили НМС ва НИБП аз ҷониби роҳбарияти корхона  Кумитаи сифат ва бехатарии парвозҳо таъсис дода шуд, ки ҳадафи кумитаи мазкур аз муайян намудани мақсад, эҳтиёҷот, ҳамоҳангсозӣ ва қабули чораҳои ислоҳӣ, банақшагирии чорабиниҳо оид ба такмил, таъмини тақсимоти захираҳои мувофиқ ва мусоидат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои амалиётӣ иборат мебошад.

 

Тибқи таҳлили соли сипаригашта фаъолияти раёсат, шӯъба ва марказҳои корхона ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар қаноатбахш эътироф гардида, барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ва такмил додани фаъолияти рӯзмарраи НИБП ва НМС дар корхона ва филиалҳои он аз ҷониби аъзоёни кумита масъалагузорӣ шуд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

    

4 апр
Вернуться назад