2-юми апрел ширкати “S7 Airlines” парвози мустақимро байни Владивосток ва Пекин барқарор намуд. Ҳамзамон ифтитоҳи парвоз дар масири Владивосток ва Шанхай дар охири моҳи апрел пешбинӣ гардидааст.
***
Бо мақсади таъмини бехатарӣ ширкати “Qazaq Air” аз 5-уми апрел парвозҳоро аз Актобе ба пойтахти Ҷумҳурии Тотористон – Қазон муваққатан қатъ менамояд.
***
Ширкати “Uzbekistan Airways” дар доираи ҷадвали парвозҳои баҳор-тобистон шумораи парвозҳоро аз Тошканд ба Алмаато дар як ҳафта то 14 маротиба ва аз Тошканд ба Остона ҳафтае 6 маротиба зиёд ва парвози навро аз Тошканд ба Мумбай амалӣ намуд.
***
3-юми апрели соли 2024 Фурудгоҳи байналмилалии Шереметево ва ширкати “Белавия” дар хатсайри “Брест – Москва – Брест” парвозҳои мунтазамро оғоз намуданд.
***
Дар семоҳаи аввали соли 2024 гардиши сайёҳон аз Русия ба Анталия 20% коҳиш ёфт.
***
Фурудгоҳи Внуково аз 23-юми апрели соли 2024 нархи таваққуфгоҳи фурудгоҳро боло мебарад.
***
Вакилони Сенати (палатаи болоии) порлумони Ҷумҳурии Қазоқистон қонун оид ба созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии авиатсиониро ба тасвиб расониданд. Ҳадафи Созишномаи мазкур, ки моҳи майи соли 2022 дар Бишкек ба имзо расида буд, ҳамкориҳои хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии кишварҳо барои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии мусофирон ва экипажҳои ҳавопаймоҳо дар ҳолатҳои фавқуллода тибқи стандарт ва таҷрибаҳои тавсияшудаи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ мебошад.
***
Мутахассисони гуруҳи “Аэрофлот” ва Корпоратсияи федералии давлатии ИҲҲ (таъминкунандаи миллии хизматрасонии аэронавигатсионӣ) усулҳои нави нақшаи фуруд омадани хавопаймоҳоро дар минтақаи ҳавоии Москва таҳия намуданд, ки аз моҳи июли соли 2023 то январи соли 2024 анҷом дода шуд. Тартиби нави нақшаи кӯтоҳшудаи фуруд аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии гурӯҳ аз 21-уми март мавриди истифода қарор ёфта, метавонад то панҷ дақиқа вақти парвозро сарфа намояд.
***
Раводиди ройгон ба Шри-Ланка ба афзоиши назарраси ҷараёни сайёҳон аз Русия ба ин кишвар мусоидат намуд.
***
Мусофирон метавонанд дар вақти воқеӣ дар фурудгоҳи “Schiphol” бағоҷи худро дар вақти воқеӣ дар экранҳо, сомонаи фурудгоҳ ва барномаи он пайгирӣ намоянд. Интизор меравад, ки ин технология таҷрибаи мусофиронро дар Фурудгоҳи Схипхол Амстердам (AMS) беҳтар созад.
***
Ширкати “China Eastern Airlines” барқарор намудани парвози мустақими мусофирбариро байни Вуҳан ва пойтахти Малайзия Куала-Лумпур дар санаи 30-юми апрел пешбинӣ менамояд.
***
Ширкатҳои “Malaysia Airlines” ва “IndiGo” Ёддошти тафоҳум оид ба мубодилаи рамзҳо ва созишномаи хамкории мутақобиларо имзо намуданд.
***
(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, СИНЬХУА, Uzbekistan Airways)