DataLife Engine / НИКОЛАС РАЛЛО ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

НИКОЛАС РАЛЛО ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) Николас Ралло санаи 15.05.2024  ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ташриф овард.

Николас Раллоро  муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ ва дигар  сардорони сохторҳои таркибии корхона пазироӣ намуданд.

 

Николас Ралло  - Бар он назарам, ки кушода шудани хати нави ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин “ПОМИР-АГВУТ” яке аз дастовардҳои беҳтарини КВД “Тоҷикаэронавигатсия” маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки  аз  ошноӣ бо   фаъолияти корхонаи мазкур  изҳори қаноатмандӣ намуда, ба саъю кӯшиши самимимона ва беандозаи кормандони корхона  дар рушди аэронавигатсияи кишвар, бехатарии парвозҳо дар минтақа, аз ҷумла  ба фаъолияти густурдаи корхона, таъмини он бо техника ва техналогияҳои ҷавобгӯ ба шароити кунунӣ, ки маҳз бо талошҳои роҳбарияти корхона харидорӣ ва азнав карда шудаанд,  баҳои баланд дод ва  баҳри боз ҳам равнақ ёфтани соҳаи калидӣ, аэронавигатсия маслиҳатҳои муфид баён дошт. 


Лоиқ Бегиҷонзода – Ташрифи Николас  Ралло ба Тоҷикистон, ки бори аввал сурат мегирад, бароямон боиси хушҳолӣ аст. Саҳми ИКАО дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба баланд бардоштани бехатарии парвозҳо ва  вусъат ёфтани самаранокии истифодаи фазои ҳавоии кишвари мо нигаронида шудаанд, муҳим арзёбӣ мегардад. 

Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) аз раёсату шуъбаҳои истеҳсолии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” боздид ва бо ҳайати коллетиви корӣ табодули афкор баён дошта, ба ӯ ҳамчун рамзи меҳмондорӣ туҳфаҳои миллии тоҷикона тақдим карда шуд.


 

  Маркази матбуоти 

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”   

17 мая
Вернуться назад