Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳанӯз 62 сол муқаддам Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд ва ҳамасола рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон, аз чумла дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил мегардад.
Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳоро ба зиндагии оянда бар дӯш дошта бошем, меҳру муҳаббат, хислатҳои ҳамида, рос гуфтану рост зистан ва дӯст доштани марзу буми ватанро онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд ва насли наврас таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҷомеа ҳисобида, пайваста таъкид менамоянд: «Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд».
Бобати баракати фариштаҳои пок дар оила, тарбияи дурусти кӯдакон, ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқҳо, дастгириву пуштибонии онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат ва дигар паҳлуҳои ҳаёти кӯдакон кормандони корхона ибрози назар намуданд:
Роҳбари дастгоҳи директори генералӣ Аҳмадзода Зафар:
Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар дода наметавонанд, зеро он меҳр хуну дили гарм буда, фарзандро эҳсоси хушӣ мебахшад. Волидон беҳтарин пушту паноҳ, азизтарин ҳастии олам, мунаввартарин қалби саршор, пурзӯртарин қуввату мадори кӯдаконанд ва танҳо онҳо метавонанд ба кӯдакон шодиву нишот бахшанд. Мутаассифона баъзе аз падару модарон бо сар задани як хатои ночиз зиндагии худро вайрон ва кудакони ҳануз аз меҳру муҳаббат носерро дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрону сарсон менамоянд ва аз оқибати кори он нахлҳои умед намеандешанд.
Сарвари миллати тоҷикон бо гузаштагони худ, ки имрӯз саросари олам ба донишу малакаашон аҳсан мехонанд, мефахрад ва хуб медонад, ки ин ятимакони кучак ҳам бо гузашти солҳо пайраве мегарданд ба он нобиғаҳои бемисл. Аз ин рӯ диққати хоса медиҳад ба шароити зисту таҳсили ғунчаҳои умед.
Дар арафаи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри лаҳзае аз доми ғаму андӯҳ ва интизорӣ раҳо намудани ятимону беморон ҳиммат нишон медиҳад ва тамоми шахсонеро, ки имрӯз дасти дароз доранд, ба дастгирии аҳолии ниёзманд,бахуссус кӯдакони аз меҳру муҳаббати волидон бенасиб гашта даъват менамоянд.
Кӯдакон дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҳуқуқ доранд, ки дар ҳама ҷо табобат, таҳсил ва фароғати комилу озодона намоянд, ки ин ҳуқуқҳоро барояшон Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 20 -уми ноябри соли 1989 қабул шуда кафолат медиҳад.
Изатуллоев Шараф, Сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ
Мутобиқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранду падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир гардида, ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва вазифаи аввалиндараҷаи мо, калонсолон маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ моро зарур аст нисбати ин ғунчаҳои умед, ки дар оянда бо ахлоқи ҳамида, донишу малака ва ватандӯстию хештаншиносӣ дар муаррифии Тоҷикистони азиз ҳиссагузорӣ менамоянд, масъул бошем. Чунки як бепарвоӣ, як хунукназарии аз ҷониби волидон содир гашта метавонад кӯдакро ба гумроҳӣ барад.
Мавҷуда Исматова Сардори шуъбаи умумӣ:
Хонае, ки тифл дорад, ғусса дар он хона нест,
Хонае, ки тифл дорад, ғайбати бегона нест.
Мон, ки аз ҳар хонадон ояд садои кӯдакон,
Нархи ҳар як хандааш гӯйӣ ба сад дурдона нест.
Воқеан, барои ифшои ин мисраҳои муассиру дилнишин ба шоираи гавҳарсухани зиндаёд Мавҷуда Ҳакимова таҳсин бояд гуфт. Кӯдакон дар ҳақиқат нуру бақои ҳар яки мо мебошанд ва ҳаёти мо бе хандаву гиряҳои ширини онҳо маънӣ надорад.
Урози Раҳмон,Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ:
Обу гили сад каъбаи ба як дил нарасад,
Каъба чӣ равӣ? Бирав дилеро дарёб,
Бо ба забон овардани ин мисраҳои муассири шоири ҷаҳонӣ Умари Хайём симои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷилва меояд, суханони саршор аз меҳру ғамхории ин фарзонафарзанди баномусу меҳрубон, ки ҳангоми ҷашну маросимҳои идона дар ҳузури кӯдакони кишвар, хоса дар ҳузури ятимону маъюбон баланд мешавад, дар гуши ҳар як фарди дилогоҳи кишвар садо медиҳад.
Он чи ёдовар шудем бофтаю сохта нест, аз зиндагии ҳарӯзаи мову шумост, аз муносибати воқеан падаронаи ин марди сарсупурда танҳо шамаест. Пешвои муаззами миллат дар баробари амалҳои ҷавонмардона дар рушду нумуи кишвар, дар бунёди даҳҳо биноҳҳои хуштарҳи ҷавобгӯ ба талаботи давр барои ятимону бепарасторон саҳм гузоштаву мегузорад, ки ҳамагони шоҳиди ҳолем.
Мо, калонсолон, ки дар маҷмӯъ оиларо ташкил медиҳем, вазифадорем, ки нисбати фарзандони худ ғамхорӣ зоҳир намоем ва онгуна тарбияташон созем, ки ояндагон дар сояашон роҳат созанд, наин ки аз нешашон гурезанд.
Маврид ба зикр аст, ки кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”, ки ба шумори бешумори корхона ва муассисаҳои кишвар, ҳисоби милион оилаҳои кишвар шомил мебошанд, дар ҳифзу нигоҳдории оилаҳои худ, дар тарбияи фарзандон ва набераҳои худ, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба онҳо сахт марбут аст, камар бастаанд. Илова бар ин корхона дар арафаи рӯзҳои ид иқдомҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, дар доираи имконоти мавҷуда нафаронеро, ки ниёз ба дастгирӣ ва пуштибонӣ доранд, кӯмак менамояд.
Чун имрӯз дар саросари олам “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил мегардад, дасти дуо мебардорем, ки ҳеҷ яке аз кӯдакони Тоҷикистон бенасиб аз меҳрубонӣ нагарданд ва дар оғуши меҳру муҳаббати оила, боғча мактаб ва ҷомеа ба воя бирасанд. Бигузор аз ҳар як хонадони тоҷик садои хандаву гиряҳои ширини тифлакон ба гуш бирасад ва мо, калонсолон дар оғуши пурнакҳати он гулҳои хушбӯ осори хастагиро бартараф созем. Вобаста ба матлаби мо орифе чи хубу олӣ фармуда:
То ба паҳлуи ману ту кӯдак аст,
Ҳаст бо ман, ҳаст бо ту шуру шар.
Мисли хушбоди саҳаргоҳӣ мудом,
Тоза бинмоянд ғами аҳли башар.
Нуш ҳастанд кӯдакон, аз неш дур,
Қаҳриҳоро кӯдакон созанд ҷур.
Кӯдаконро парваред бо нозҳо,
То камол ёбанд бонангу ҷасур!
Иброҳимзода Муҳаббат
Сармутахассиси
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”