DataLife Engine / “ҲАМИН КИ ҲАВОПАЙМО БА ОСМОН ПАРВОЗ МЕНАМОЯД, ВАЙ ДАР ИХТИЁРИ ТАНЗИМГАРОН МЕБОШАД...”.

“ҲАМИН КИ ҲАВОПАЙМО БА ОСМОН ПАРВОЗ МЕНАМОЯД, ВАЙ ДАР ИХТИЁРИ ТАНЗИМГАРОН МЕБОШАД...”.

Зери ин ҷумла садҳо масъулият, садҳо ҷасорат, билохира садҳо дониши техникӣ лозим мешавад, то як ҳавопаймо ва садҳо муштарӣ беосеб парвозу фуруд намоянд. Кормандони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро ҳамарӯза ана ҳамин масъулияти баланд ба коргоҳ меорад. Бо ҳамин масъулияти баланд бастҳоро бо ҳам иваз менамоянду пайи бехатарии ҳавопаймо ва мусофирон қарор доранд. Барои ба хонанда бозгӯ намудани фаъолияти пурифтихор ва хеле пурмасъулияти танзимгарон, хоса   фаъолияти пурхотираи   танзимгар Нодиров Одил, ки умри бобаракати хешро дар иҷрои вазифаи мазкур сипарӣ карда, бо ҳамин меҳнати сангини ақлонӣ ва техникӣ муддати чор даҳсола нон мехурад, суҳбате оростем. Пешниҳод аз мо, қазоват аз хонандаи нозукбин:

Одил Қаҳорович, пешае, ки айни ҳол фаъолият доред, интихоби шумо буд ва ё амри тасодуф?

Аввал сипоси беҳад аз он, ки ба пешаи танзимгар арҷ гузошта, меҳмони ин коргоҳ шудед. Аслан ман дар оилаи коргар ба дунё омадаам ва дар муҳити оилаи мо бобати соҳаи авиатсия касе ҳарф намезад. Падару модар ҳарду коргарони оддӣ, вале нисбати донишу интизоми фарзандон хеле сахтгиру серталаб буданд. Робитаашон бо мактаби миёнаи №38-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки мо ҳашт нафар фарзандони оила онро бомуваффақият хатм кардаем, хеле зич буд. Бахусус устоди азизу зиндаёд, Раҳмихудоев, ки ба мо аз фанни таърих дарс мегуфт, дар кушодани гиреҳи орзуҳои ман мусоидат намуд. Ба шавқи ҳавонавардӣ, ки дар тамоми вуҷудам ҷой дошт, такон бахшид. Зимни дарсҳо атрофи нақши авиатсия дар пешбурди хоҷагии қишлоқ ва нест кардани гурӯҳҳои босмачигӣ тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо эҳсоси баланд қисса мекард ва ман он лаҳза худро сари чамбараки ҳавопаймо, дар хизмати халқи азиз тасаввур мекардам.

Хулоса, бо ҳамин орзу мактабро хатм намуда, барои идома додани таҳсил дар мактаби авиатсионӣ ҳуҷҷат супурдам. Ба саволҳои ҳайати комиссия, ки аксарияташон русҳо буданд, ҷавоби пурра додам, вале аз муоинаи тиббӣ нагузаштам. Духтуре, ки гуш ва гулӯро муоина мекард, арз дошт, ки биниятон камтар каҷ аст ва то ҷарроҳӣ насозед, ба ин соҳа қабул намешавед.

Сахт руҳафтода шуда, ба хона баргаштам. Амакам Абдулқодир он рӯз дар хона меҳмон буданду ҳолати маро дида хавотиромез пурсиданд. “Аз имтиҳон нагузаштед?”

“Барои дониш не, барои каҷ будани биниам маро қабул накардаанд”, -гуфтам ва беихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд.

Раҳматии модарам, ки паҳлуи амакам менишастанд, латиф хандиданд: “Ба бинии писари ман чӣ шудааст. Охир, ман модар шуда инро намедонам, духтур аз куҷо медонад?

Амакам пас аз чанде маслиҳат доданд, ки муҳлати ҳуҷҷатсупорӣ ҳоло тамом нашудааст ва барои соҳиб шудан ба вазифаи танзимгарӣ аз нав ҳуҷҷат супорам. Ман, ки дар бораи ин пеша тасаввурот надоштам, ҳайрон шудам. Авиатсияро танҳо дар ҳавопаймо ва ҳавонаврд медидам.

Ҳамин тавр бо маслиҳати пайвандон соли 1981 ба омӯзишгоҳи авиатсионии Рига ҳуҷҷат супорида, муддати се сол он ҷо таҳсили илм намудам ва нозукиҳои пешаи танзимгариро аз худ намуда, ба Тоҷикистон баргаштам. Фаъолияти кориямро ба сифати ёвари танзимгар шуруъ намуда, дар самти мазкур то имрӯз аҳлона ва бенуқсон фаъолият дорам.

Танзимгар кист ва барои танзимгари ҳақиқӣ ба камол расидан чиро бояд омӯхт?

Танзимгарони авиатсионӣ нафаронеанд, ки дар замин истода, амнияти фазои ҳавоиро зимни парвози ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва дигар киштиҳои ҳавоӣ назорат ва таъмин месозанд. Ва барои ба ин пеша мушарраф гардидан аввалан ба шахс саломатии қавӣ, дили пурқувват, асабҳои ором ва баъдан донистани фанҳои математика, физика, география, геометрия, забони англисӣ ва русӣ дар сатҳи аъло ҳатмист.

Дар кӯдакӣ барномаҳои телевизиониро тамошо карда, андеша мекардам, ки дар таҳия ва пахши он меҳнати ровӣ хеле калон аст, вале чун калонтар шудам, дарк кардам, ки паси ҳама ин зебоиҳои таҳияшуда заҳмати коргардон ва наворбардор нуҳуфтааст.

Амсоли коргардону наворбардори телевизион дар парвози бехатари ҳавопаймо меҳнати пурмасъулияти танзимгарон ниҳон аст, ки на ҳар кас инро пайхас менамояд.

Мардум парвози ҳавопайморо дар фазои беохир тамошо карда, аҳсан ба ҳавонавард мехонад, вале бехатарии парвоз, амнияти ҳавонавард ва мусофирон ба донишу зиракии танзимгар сахт алоқаманд буда, таъмини амният зимни парвозҳои муназзам  ва  ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷилавгирӣ аз бархӯрди ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоӣ, бархӯрди ҳавопаймоҳо бо ҳар гуна монеаҳо, яъне техника ва таҷҳизот дар замин, ироаи маълумот доир ба ҳаракати ҳавоӣ ва боду ҳаво ба ҳавопаймоҳое, ки ба тарзи визуалӣ парвоз анҷом медиҳанд,  хабардор намудани сохторҳои марбута аз ҳолати ҳавопаймоҳои ба фалокат дучоршуда барои  гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва ҷустуҷӯи байналмилалии яке вазифаҳои калидии танзимгарон мебошад.

Гузашта ва имрӯзро танзимгари собиқадор чи гуна қиёс менамояд?

Тавре ки ин лаҳза аз тамошои лаҳзаи кори танзимгарон дар манораи муниззимӣ мушоҳида намудед, барои танзимгарон беҳтарин шароити корӣ фароҳам аст, вале дар гузашта, аниқтараш дар солҳои аввали фаъолияти мо ин шароиту имтиёз барои танзимгар фароҳам набуд. 

Танзимгар тавассути экран фақат як нуқтаро медид, ки барои расонидани маълумот ва огаҳ намудани хатар ба ҳавопаймо ва ҳавонавард хеле душвор буд. Ва зимни ана ҳамингуна як шароити душвори танзимгарӣ ҳамроҳи устод, шодравон Абдулло Ғаффорович ҳолатеро паси сар кардем, ки хеле хатарнок буд. Аслан фосилаи байни ҳавопаймо дар осмон 30 км бояд бошад, вале он рӯз бо гум шудани нуқтаи алоқа ва фосила, ки  ба 28 км фуромада буд, дар фазо ҳавопаймоҳо қариб ба  фалокати нохуш дучор мешуданд, вале зуд ин ҳолат бартараф шуд ва ба касе осеб нарасид. Имрӯз бошад пешоруи танзимгар он техникаҳое муҷаҳҳазанд, ки ҳолатро аниқу дақиқ муаян менамояд. Барои ба чунин имконот ва шароити мувофиқ шарафёб гаштан албатта саҳми Пешвои миллат беназир аст. Бо ба вуқуъ пайвастани истиқлолияти воқеӣ ва бо саъю талошҳои пайгиронаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи аэронавигатсияи кишвар ташаккул ёфта, имрӯз даҳҳо нафар мутахассисони ҷавон, ки хатмкардагони донишгоҳҳо ва Академияиҳои  авиатсионии кишварҳои хориҷӣ мебошанд, фаъолият доранд.

   

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва корхонаҳои зерсохтори он бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири идоракунандаи фазои ҳавоӣ таъмининанду дар истифода аз он технологияҳои ҷавобгӯ ба талаботи соҳа танзимгарон дар бехатарии парвозҳо дар фазои мамлакат ҳамарӯза мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ҷиҳати  таъмини бехатарии  ҳаракати ҳавоӣ ва рушди соҳаи аэронавигатсия  ба кишвар дастгоҳи таҷҳизоти назоратии “Мастер” аз ширкати “Пеленг”-и  Федератсияи Россия  харидорӣ  гардид.  Инчунин дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Фронса дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи назорати танзими идораи  ҳаракати ҳавоӣ сохта ва ба истифода супорида шуд, ки баландиаш 41 метрро ташкил медиҳад. Алҳол дар ин иншооти муҳими стратегӣ, танзимгароне фаъолият менамоянд, ки бехатарии парвозҳоро ҳангоми фуруду парвоз дар хати парвозу нишаст таъмин намуда, бархурди ҳавопаймоҳоро бо якдигар ва ё ягон монеа дар замин пешгирӣ месозанд. Бунёди манораи мазкур қадами муассире дар рушди бахши аэронавигатсияи кишвар хоҳад гардид, хусусан ҷиҳати дар сатҳи баланд таъмин намудани бехатарии парвози ҳавопаймоҳо дар минтақаҳои наздифурудгоҳии фазои ҳавоии кишвар. 

Касе аз пайвандон пайрави пешаи шумо ҳастанд ё неАгар не чаро

Пеш аз оне ки ба саволи шумо посух бигӯям, мехоҳам аз як шоҳбайти муассир   ёдовар шавам:

       Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,

       К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

Воқеан бархе аз ҷавонон ба молу боигарии волидон такя менамоянд, ки хеле дарднок ва фоҷиабор аст. Ба ақидаи шоир мол бо мурури вақт тамом мешавад, вале ҳунар пояндаву ҷовидона боқӣ мемонад. Худованд ба ман чор фарзанди оқилу зеборо насиб дидааст, ки се нафарашон аз заҳмати ин пеша нон мехуранд. Дар баробари фарзандон агар гӯям, ки ба кулли танзимгарони ҷавон ҳақи устодӣ дорам хато намекунам.

Чӣ мақсадест ки дар ин самт амалӣ шуданашро орзу менамоед.

-Бори дигар шукрона менамоям, ки имрӯз КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари дигар корхонаҳои авиатсионии олам фаъолияти густурда дораду дар самти бехатарии парвоз пайваста мусоидат менамояд, вале таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахши танзимгарӣ ҳануз кофӣ нест. Агар дар кишвар омӯзишгоҳ ва ё донишгоҳи махсуси авиатсионӣ ташкил гардад, гумон мекунам ин камбудӣ ҳалли худро пайдо менамояд.

Бо умеди ҷомаи амал пушидани орзуҳои шумо ба суҳбат интиҳо мебахшем ва дар иҷрои фаъолияти воқеан заҳматталаб ба шумо шуҷоату пирӯзиҳоро таманно менамоем.

Иброҳимзода Муҳаббат

Сармутахассиси маркази матбуоти 

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

10 июн
Вернуться назад