DataLife Engine / НАХУСТИН ҶАЛАСАИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ АЭРОНАВИГАТСИОНИИ CANSO

НАХУСТИН ҶАЛАСАИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ АЭРОНАВИГАТСИОНИИ CANSO

14-уми июни соли ҷорӣ дар доираи Саммити умумиҷаҳонии идоракунии ҳаракати ҳавоии CANSO-2024 (CANSO Global ATM Summit 2024) нахустин ҷаласаи роҳбарони корхонаҳои аэронавигатсионии кишварҳои аъзои Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) баргузор гардид, ки муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шодмонбекзода Даврон низ дар қатори дигар корхонаҳои таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар кори он ширкат варзид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) Николас Ралло ва намояндаи Агентии давлатии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи хурд сурат гирифта, масъалаҳои пурзӯр намудани таъмини бехатарии парвозҳо дар минтақа ва мушкилиҳои мавҷудбуда баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар раванди ҷаласа намояндагон аз корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Аргентина ва Мексика фаъолият ва дастовардҳои худро муаррифӣ намуда, омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди минбаъда бо кишварҳои аъзои CANSO иброз доштанд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

14 июн
Вернуться назад