Санаи 26-уми июни соли 2024 дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ширкати роҳбарият, шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳобзода ва кормандони корхона чорабинии ҷашнӣ доир гардид.
Муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагонро аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода табрику таҳният намуд.
Даврон Ш. дар баромади худ таъкид намуд, ки соҳибихтиёрии ҳар як кишвар ба се омил истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа асос меёбад. Ин арзишҳои бузургу муқаддас асоси рушди кишвар буда, ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Имрӯз дар пасманзараи таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар муаррифӣ шуд, ки саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлил ва ба вуҷуд омадани ин ҷашн шоёни таҳсин мебошад. Зеро расидан ба ин ҳадаф масъулияти сангинеро, ки барои бунёди давлати воқеан демократӣ, ки он вазифаи муқаддас ба шумор мерафт анҷом дода, ба ин ҳадафи бузург ноил гардида миллати тоҷик заминаи босазо гузоштанд.
Сипас рӯзноманигор, шоири халқии Тоҷикистон, олим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Рустами Ваҳҳобзода ба сухан баромада таъкид намуд, ки аз қадимулайём халқи тоҷик ҳамчун миллати сулҳовар, ваҳдатсарой эътироф гашта буд, ки инро дар ашъори олимон ва шоирони миллати тоҷик дидан мумкин аст.
Пас аз ба даст омадани истиқлоли давлатӣ барҳам додани низои дохилӣ ва ба даст омадани Ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ як бори дигар ба аҳли оламиён исбот намуд, ки миллати тоҷик миллати сулҳдӯст мебошад. Барои ноил шудан ба ризоияти миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, басо барҷаставу мондагор аст. Маҳз сулҳу дӯстӣ, амнияту субот, сарҷамъиву якдилӣ ва иттиҳоду ҳамфикрии миллат асоси рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва некуаҳволии халқ мебошад, ки хушбахтона миллати шарафманди тоҷик зери роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин дастовардҳои бузурги сиёсӣ ноил гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки маҳз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ буд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия рушд намуда, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ифтитоҳи хатсайрҳои нав, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, таъмин намудани система ва таҷҳизотҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии парвозҳо, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар фарҷом аз ҳар як ширкаткунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар камол расонидани насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба ин марзу бум, ниёкони хеш ва бунёдкорию созандагӣ саҳмгузор бошанд.
Зеро кафили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама тафаккури миллӣ ва асолати миллӣ аст, ки он дар арҷ гузоштани ҷомеа ба арзишҳои миллӣ инъикос мегардад. Он ҷомеа ва он миллате, ки ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёкони хеш арҷ мегузорад дар он ваҳдат пойдор аст.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”