DataLife Engine / ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК!

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК!

Кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини бехатарии парвозҳо дар соҳаи илм саҳми худро мегузоранд.

Муовини сардори Маркази таълимии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Афсаҳзод Аббоси Аълохон дар мавзӯи “Масъалаҳои ахлоқи журналистӣ дар заминаи координатҳои ахлоқии миллӣ (дар мисоли адабиёти паҳлавӣ)” тибқи ихтисосҳои Медиакоммуникатсия ва журналистика, Адабиёти халқҳои ҷаҳон (адабиёти тоҷик) дар Шӯрои диссертатсионии Федератсияи Россия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи доктории худро дифоъ намуд.

Муаллиф дар асари худ таъкид намудааст, ки низоми матбуоти муосири кишвар, бахусус бахши чопии онро дар заминаи ҳифзу таҳкими арзишҳои ахлоқию этикии таърихан муқарраршуда, ки тамоми мушкилиҳои журналистикаи ватаниро равшан ифода намуда, имкон медиҳад, ки тамоми доираи муносибатҳои типологӣ, нақш ва мавқеъи онҳо дар фазои иттилоотӣ дақиқ муайян карда шавад, муфассал баррасӣ гардад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байналмилалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Абдуллозода Масрур Аҳмад қайд намуд: “Бояд таъкид кард, ки маводҳои нодири дорои хусусияти илмӣ ва таърихию ҳуҷҷатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, рисола бешубҳа аз нигоҳи навигарии илмӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад”.

Гирифтани унвони докторӣ аз ҷониби Афсаҳзоди Аббос боз як дастоварди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мебошад, ки дар таҳкими арзишҳои ахлоқию этикии дар ВАО-и Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, Афсаҳзоди Аббосро бо боз як комёбӣ дар рушди илм дар ҷумҳурӣ муборакбод менамоем.

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
26 июн
Вернуться назад