Фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як моҳ қариб 800-900 ҳавопаймои транзитии ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои ҷаҳон убур менамоянд. Ин дар ҳолест, ки 20 октябр ҷомеаи авиатсионии ҷаҳон Рӯзи байналмилалии
танзимгарони авиатсиониро (International Day of the Air Traffic Controller) таҷлил менамояд.
Танзимгарони авиатсионӣ нафаронеанд, ки дар замин истода, амнияти фазои ҳавоиро зимни парвози ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва дигар киштиҳои ҳавоӣ назорат ва таъмин месозанд. Ин сана ҳамчун иди касбии танзимгарони авиатсияи ҳавопаймоӣ, кормандон ва дигар шахсоне таҷлил мешавад, ки парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар фазои ҳавоӣ идора месозанд.
Санаи мазкур аз он сарчашма мегирад, ки 20 октябри соли 1961 дар Амстердам Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои танзимгарони авиатсионӣ (International Federation of Air Traffic Controllers Associations, IFATCA) таъсис дода шуд. Ин рӯйдод дар таърихи рушди нақлиёти ҳавоӣ аз аҳамияти бузург бархӯрдор гардид, зеро он барои ба вуҷуд овардани боз як иди касбӣ- Рӯзи ҷаҳонии танзимгарони авиатсия, ки яке аз ихтисосҳои муҳим дар бахши ҳавонавардӣ маҳсуб меёбад, замина гузошт.
Бо таъсиси Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои танзимгарони авиатсионӣ шумораи ассотсиатсияҳои IFATCA ба 137 адад расид, ки онҳо 50 ҳазор танзимгарони авиатсиониро дар саросари ҷаҳон муттаҳид месозанд. Таъмини амнияти мусофирони ҳавопаймоҳо на танҳо ба ҳайати сарнишинони ҳавопаймо ва техникҳо, балки ба танзимгарони авиатсионие, ки дар замин истода, парвозҳоро назора мекунанд, сахт вобастагӣ дорад.
Ба дӯши танзимгарони авиатсионӣ ё танзимгарони идораи ҳаракати ҳавоӣ масъулияти бузург гузошта шуда, дар бозори ҳавонавардӣ ба касбияти онҳо талабот калон аст. Танзимгарони авиатсионӣ бояд ҳаракат ва парвози ҳавопаймоҳоро назорат намуда, амнияти онҳоро чӣ дар замин ва чӣ дар фазои ҳавоӣ таъмин намоянд, то аз садамаҳо эмин доранд ва дар ҳолатҳои махсус ба ҳайати сарнишинони ҳавопаймо иттилоъ ва кумаки зарурӣ расонанд. Назорат аз болои ҳаракат ва парвози ҳавопаймоҳо аз лаҳзаи ба кор даровардани муҳаррик, ки пеш аз оғози парвоз дар хати парвоз сурат мегирад, ҳангоми парвоз дар хатсайри пешбинишуда ва аснои фуруд омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳ бурда мешавад. Дар ин росто, ҷиҳати иҷрои муваффақонаи фаъолияти худ мутахассисони соҳаи мазкур бояд қоидаҳои авиатсионӣ, хусусиятҳои техникии ҳавопаймоҳо ва киштиҳои ҳавоӣ, метереологияи авиатсионӣ ва забони англисиро хуб донанд. Инчунин соҳаи мазкур аз мутахассисони бахши танзимгарони хадамоти авиатсионӣ на танҳо дараҷаи қобилият ва малакаи касбӣ, балки омодагии махсус ва ҷиддии равониро низ тақозо менамояд. Аз ин рӯ касби танзимгари авиатсионӣ яке аз ихтисосҳои бонуфуз дар бозори авиатсионии ҷаҳон эътироф гардидааст.
Дар Рӯзи байналмилалии танзимгарони авиатсионӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Раҷабов гуфт, ки Раёсати таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои калидии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» маҳсуб ёфта, рисолаташ ба таъмини амният зимни парвозҳои муназзам ва ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Вазифаи асосии Раёсат ҷилавгирӣ аз бархӯрди ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоӣ, бархӯрди ҳавопаймоҳо бо ҳар гуна монеаҳо, яъне техника ва таҷҳизот дар замин, ироаи маълумот доир ба ҳаракати ҳавоӣ ва боду ҳаво ба ҳавопаймоҳое, ки ба тарзи визуалӣ парвоз анҷом медиҳанд, хабардор намудани сохторҳои марбута аз ҳолати ҳавопаймоҳои ба фалокат дучоршуда барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва ҷустуҷӯи байналмилалӣ мебошад.
Вобаста ба масъалаҳои зикршуда Раёсат зеррсохторҳои махсус дорад, аз ҷумла Маркази ноҳиявӣ, ки аз баландии 6 ҳазор метр то баландии 15 ҳазор метр ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасонад. Асосан Маркази ноҳиявӣ хизматрасониро ба ҳавопаймоҳои транзитӣ пешниҳод месозад,- афзуд Даврон Раҷабов. Танзимгарони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ маълумоти соҳавиро дар до нишгоҳҳову Академияҳои махсуси авиатсионии кишварҳои хориҷӣ, назири Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо аз худ намуда, баъди хатм онҳо ба Тоҷикистон баргашта, муддати на кам аз се моҳ таҳти назорати мутахассисони ҳирфаӣ таҷриба меомӯзанд. Баъди таҷрибаомӯзӣ ва тамрин дар дастгоҳу таҷҳизоти танзимгарии авиатсионӣ имтиҳон супорида, сипас ба ҳайси танзимгари авиатсионӣ ба фаъолият шурӯь менамоянд.
-Инчунин донистани забони англисӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва афзалиятноки кор дар бахши танзимгари авиатсионӣ мебошад,- афзуд мусоҳиб,- зеро парвозҳои ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии кишвар на танҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, балки аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардии хориҷӣ низ сурат мегиранд. Дар ин замина ба забондонӣ ва савияи дониши танзимгарони авиатсионӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Даврон Раҷабов, ки новобаста ба ҷавонияш сарварии Раёсати калидии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» — Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро роҳбарӣ менамояд, дар Соли ҷавонон ба ин вазифа таъйин шудааст ва дорои панҷ маълумоти олӣ аст. Ӯ солҳои 2006 ва 2011 Академияи авиатсионии шаҳри Алматои Қазоқистонро бо ихтисосҳои танзимгари авиатсионӣ ва ҳавонавард хатм намуда, дар Россия ва Малайзия давраи омӯзиш ва такмили забони англисиро гузаштааст.
Даврон мегӯяд, ки «маҳз бо шарофати саъю талош ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи аэронавигатсияи кишвар ташаккул ёфта, имрӯз даҳҳо нафар мутахассисони ҷавон, ки хатмкардагони донишгоҳҳо ва Академияиҳои авиатсионии кишварҳои хориҷӣ мебошанд, фаъолият доранд».
Ҳоло зерсохторҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири идоракунандаи фазои ҳавоӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои мамлакат муҷаҳҳаз гардидаанд, ки аз ташаккули соҳа башорат медиҳад.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар оянда ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ ва рушди соҳаи аэронавигатсия ба кишвар дастгоҳи таҷҳизоти назоратии «Мастер» аз ширкати «Пеле»-и Федератсияи Россия ва аз ширкати фаронсавии «Талес» таҷҳизоти «Топскай» харидорӣ гарданд. Ин дар ҳолест, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи назорати танзими идораи ҳаракати ҳавоӣ сохта мешавад, ки баландиаш 41 метрро ташкил медиҳад. Алҳол дар ин иншооти муҳим 70 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Интизор меравад, ки тибқи шартнома сохтмони он соли оянда ба анҷом расонида шавад. Бунёди манораи мазкур қадами муассире дар рушди бахши ҳавопаймоии мамлакат хоҳад гардид, хусусан ҷиҳати дар сатҳи баланд таъмин намудани бехатарии парвози ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии кишвар. Ҳамзамон нуран ало нур мебуд, агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар Донишгоҳу Академияҳои авиатсионии кишварҳои хориҷӣ мактаби махсуси авиатсионӣ ташкил карда мешуд, ки он имкон дорад дар рушди аэронавигатсия ва ҳавонавардии миллӣ, хусусан омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ саҳми муносиб гузорад.
Сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Раҷабов зикр кард, ки алҳол дар марказҳои танзими ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар 136 нафар танзимгарони авиатсионӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 60 нафар танзимгари авиатсионӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо навбат ба таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳо машғуланд.
Инчунин дар фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии маҳаллӣ 23 нафар танзимгарони хабаррасон, ки ба ҳавопаймоҳо назорат карда наметавонанд, зеро таҷҳизот надоранд, фаъолият мекунанд.
Рисолати онҳо аз расонидани хабар доир ба вазъи боду ҳаво, инчунин ҳавопаймоҳое, ки ба тарзи визуалӣ парвоз анҷом медиҳанд, иборат аст. Масалан, танзимгарони хабаррасон иттилоъ медиҳанд, ки дар фазои ҳавоии минтақаи шарқи Тоҷикистон як адад чархбол дар ҳоли парвоз аст ва ё вазъи ҳаво дар шимоли кишвар барои анҷом додани парвозҳо муътадил мебошад. Инчунин танзимгарони авиатсионӣ ҳар шаш моҳ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, хусусан забони англисӣ ба мактабҳои олии авиатсионии кишварҳои хориҷӣ дар доираи ҳамкории самарабахш фиристода мешаванд. Дар Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» кормандону мутахассиони ботаҷриба ва чашмикордон, ки солиёни зиёд дар танзими идораи ҳаракати ҳавоӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии кишвар саҳми босазо гузоштаанд, фаъолият доранд.
Нодир Одилов –роҳбари парвозҳо, Сергей Сотиболдиев ва Абдулмутолиб Нишонов- танзимгарони Маркази ноҳиявӣ, Юсуф Қурбонов –танзимгар ва боз даҳҳо нафарони дигар аз зумраи мутахассисони ботаҷриба ва кормандони фаъоли Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ мебошанд, ки бо касбият ва меҳнатдӯстии худ дар байни кормандони сохтори аэронавигатсионии мамлакат иззатманд гаридаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии танзимгарони авиатсионӣ 19 октябр дар маҷлиси тантанавие, ки дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир гардид, роҳбарияти ниҳоди мазкур кормандон ва мутахассисони соҳаи танзими идораи ҳаракати ҳавоиро бо иди касбиашон табрик намуда, ба фаъолони соҳа ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин ба шарафи ин сана дар муҷтамаи варзишии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» байни мутахассиони соҳа мусобиқаи футболи хурд ташкил карда шуд.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии танзимгарони авиатсионӣ дар ҷаҳон таҷассумгари комёбию муваффақиятҳои мутахассисони ин соҳа ва дурнамои ҳадафу мароми онҳо мебошад. Дар ин росто, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ки яке аз сохторҳои асосии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мавқеи худро дар рушди равандҳои глобалӣ ва ҳамгироии ҳамлу нақли АвруОсиё тақвият мебахшад. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи нуҳ моҳи соли равон хадамотҳои аэронавигатсионии мамлакат ба 249 ширкати ҳавопаймоӣ ва сохторҳои марбутаи ҷумҳурию кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба зиёда аз 38 ҳазор адад ҳавопаймо хизмат расонидааст, ки ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 572 адад ё 13,5 фоиз зиёд аст. Дар ин замина таҷлили Рӯзи байналмилалии танзимгарони авиатсионӣ дар саросари ҷаҳон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ихтисоси мазкур дар ҷаҳон аз аҳамияти бузург бархӯрдор буда, ҷомеаи ҷаҳонро водор месозад ба рушди соҳа ва касби танзимгарони авиатсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Таҷлили Рӯзи байналмилалии танзимгарони авиатсионӣ дар ҷаҳон таҷассуми комёбию муваффақиятҳои мутахассисони соҳа ва дурнамои ҳадафу мароми онҳо мебошад.