Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар корхона корҳои зиёде анҷом дода шуда, лоиҳаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои мазкур сармуҳандиси Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Мирзохонзода Умед барои омӯзиш дар барномаи “Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)”, ки аз санаи 8-уми июл то 30-юми июли соли 2024 дар шаҳри Токиои Ҷумҳурии Ҷопон баргузор мегардад, интихоб ва сафарбар гардид.
Ҳангоми омӯзиш дар барномаи мазкур дар қатори намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон аз корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз кишварҳои Мозамбик, Непал ва Ҷибути низ ширкат доранд.
Ҳамзамон ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти иншоотҳои соҳаи авиатсия ва корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии кишвари мазкур пешбинӣ гардидааст.
Ҳадаф аз омӯзиши мазкур мусоидат дар ворид намудани технологияи SBAS ва GBAS дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва инчунин кумак ба муҳандисони корхона дар раванди насби он мебошад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”