DataLife Engine / ОМӮЗИШИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

ОМӮЗИШИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

Бо мақсади тавзеҳ намудан, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кормандон доир ба мақсад ва ҳадафи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар доираи нақша чорабинии хонишҳои идоравии кормандони Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” байни роҳбарият ва кормандони корхона бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар оғоз муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Саидзода Раҳимҷон Қурбон оид ба зарурати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханрони намуд.

    

Дар суханронии худ мутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Қаландаров ёдовар шуд, ки ҳадаф аз мулоқоти мазкур тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда, пешгирии хурофотпарастиву ифротгароӣ, бегонапарастиву тақлидкорӣ ва дигар омилҳои номатлубе, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, мебошад.

“Дар ҷомеаи кунуни мавҷуд будани чунин омилу мушкилиҳо бо се масъала рабт дорад, аз ҷумла ҷаҳолат - натиҷаи набудани дониши кофии диниву дунявӣ, нодуруст истифода бурдани сомонаҳои иҷтимоӣ ва муҳоҷират”, зикр намуд дар суханронии худ Бурҳониддин Қаландаров.

   

Таъкид шуд, ки терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Аз ин лиҳоз аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору зиндагӣ худ қарор дода, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд.

                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

17 июл
Вернуться назад