DataLife Engine / ТАЪСИРИ ФАЪОЛИЯТИ MICROSOFT WINDOWS БА АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ВА ҲАРБӢ

ТАЪСИРИ ФАЪОЛИЯТИ MICROSOFT WINDOWS БА АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ВА ҲАРБӢ

Субҳи 19-уми июли соли 2024 ҳангоми азнавсозии барномаи зидди кибербехатарии “Falcon Sensor” фаъолияти “Microsoft Windows” дар бисёри кишварҳо аз фаъолият монд, ки ба фаъолияти операторони алоқа, бонкҳо, беморхонаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии саросари ҷаҳон таъсир расонд. Ширкати амрикоии “CrowdStrike” тасдиқ намуд, ки ин ҳамлаи киберӣ набуда, балки як мушкилии техникӣ мебошад.

Дар баробари дигар соҳаҳо авиатсия низ ба мушкилӣ доир ба қатъи фаъолияти системаҳо, таъхири парвозҳо ва дигар хизматрасониҳои фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ гардид. Аксар фурудгоҳҳои ҷаҳон ба хизматрасонии анъанавӣ, яъне ба қайдгирии дастӣ гузаштанд.

Дар натиҷаи халалдор гардидани фаъолияти фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ICAO оид ба Қатъномаи қабулгардидаи созмон доир ба фаврӣ устувор намудани кибербехатарӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Қатъномаи мазкур “аҳамият ва таъхирнопазирии ҳалли масъалаҳои кибербехатарӣ ва киберустувории системаҳои муҳими авиатсионии шаҳрвандӣ, ҳифз намудани маълумот ва иттилооти онҳо аз хатар ва таҳдидҳо киберӣ, ҳалли мушкилии кибербехатарӣ дар авиатсия, дастгирии кибербехатарӣ ва киберустувории системаи ҷаҳонии авиатсия ба таҳдидҳои киберӣ, ки метавонанд ба бехатарӣ ва ё амнияти авиатсияи гражданӣ халал расонанд, талаб менамояд.

Дар ҳамин замина, тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳон мушкилии мазкур ба ҷадвали парвозҳо дар фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсия Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исроил, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таъсири манфӣ нагузошт.

Ёдовар бояд шуд, ки то ба имрӯз баъзе фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ фаъолияти худро пурра барқарор намуданд. Ба ақидаи мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ (IT) барои пурра барқарор гардидани баъзе системаҳо рӯзҳо ё ҳафтаҳо лозим мебошад.

АКС аз манбаҳои боз
22 июл
Вернуться назад