DataLife Engine / НИШАСТИ МАТБУОТӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

“Зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ICAO Николас Ралло бо роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва фурудгоҳҳои кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дода, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардида, онҳоро мусбӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон сафари Комиссияи ICAO ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, бо роҳбарияти авиатсияи граждании кишвар ва намояндаи ICAO баррасӣ гардид”, - изҳор намуд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур дар посух ба саволи рӯзноманигорон ҳангоми нишасти матбуотӣ.

Нишасти матбуотии навбати оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар шаш моҳи аввали соли 2024 санаи 24-уми июли соли 2024 дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.

“Дар доираи таҷдиди майдонҳои чархболнишини як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, дастрас ва насбу васл намудани як зумра воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ, дастрасии маълумотномаҳои рақамӣ аз майдончаҳои метеорологии Мурғоб, Хоруғ ва Ванҷ то шаҳри Душанбе ба сомон расонида шуд. Барномаи муосири Низоми автоматикунонидашудаи банақшагирии парвозҳо “VOLANTIS-3.0” ба истифода дода шуд. Дар ин раванд, нишондодҳои пешгӯии метереологӣ тибқи низоми “TAF” дар маҷмӯъ 90,5 фоизро ташкил дод, ки ин аз малакаи касбии кормандони ин ниҳод гувоҳӣ медиҳад”, - посух дод муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода оид ба харидорӣ, дастрас ва насб гардидани таҷҳизотҳои аэронавигатсионӣ.
 

“Дар давраи ҳисоботи бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳои соҳа як зумра техника ва технологияҳои хизматрасонии аэронавигатсионӣ, таъминоти радиотехникӣ ва метеорологӣ таҷдид гардид. Стансияи метеорологӣ бо таҷҳизотҳои иловагии мутамарказикунонии идора ва истифодаи низоми “АВИМЕТ” барои филиали корхона дар фурудгоҳи Хуҷанд тибқи нақша ба корхона ворид гардида, корҳо оид ба насби он идома дорад”, - иброз намуд муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Саидзода Раҳимҷон.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини маълумоти метеорологӣ, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими таъмини бехатарии парвозҳо ба шумор меравад дар ноҳияи Мурғоб, Ванҷ, Данғара, Лахш ва шаҳрҳои Исфара, Хоруғ таҷҳизоти метерологӣ бо панелҳои офтобӣ насб гардиданд, ки он барои муайян намудани ҳарорат, намнокӣ, фишори атмосфера, суръат ва самти шамол пешбинӣ гардидааст.

Дар хотима ба иттилои хабарнигорон расонида шуд, ки дар доираи иқдомҳои васеъ гардонидани ҷуғрофияи парвозҳо вохӯрӣ байни роҳбарияти Агенти авиатсияи граждании кишвар бо Агентии авиатсияи граждании кишварҳои дӯст ба роҳ монда шуда, амалӣ гардонидани парвозҳо ба Британия Кабир, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Миср, Будапешт, Тифлис, Доха, Урумчи, Боку, Истанбул, Остона ва дигар манотиқ пешбинӣ мегардад. 

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
24 июл
Вернуться назад