DataLife Engine / ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ТЕҲРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН МУЛОҚОТИ СУДМАНД АНҶОМ ДОДАНД

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ТЕҲРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН МУЛОҚОТИ СУДМАНД АНҶОМ ДОДАНД

30 июли соли 2024 дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд.

Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи муколамаи созандаи байнипарлумониро ба суди кор арзёбӣ намуда, аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб ташриф биёранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуданд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, аз Масъуди Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф биёранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки кишварҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.

Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг   изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад.

Ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.

Дар ин робита таъмини фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва  истифодаи муассир аз Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар зарур дониста шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, нафту газ, технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо алоқамандӣ зоҳир намуданд.

Ҷониби мо ба истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор барои ҳамлу нақли молу маҳсулоти Тоҷикистон изҳори манфиатдорӣ намуд.

Ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

Инчунин дар  доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раисиҷумҳури Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод.

Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштанд.

Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.

                                                                                                   https://prezident.tj/
30 июл
Вернуться назад