DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Парвози мусофирон аз фурудгоҳи Домодедово ба Марокаш ду баробар зиёд гардида, шумораи парвоз дар як ҳафта ба панҷ адад афзоиш ёфт.

***

29-уми июли соли 2024 дар ҷаласаи шӯрои мудирони ширкати “Red Wings” муовини директори генералии “Ростех” Игор Завялов роҳбари ширкати мазкур таъин гардида, вазифаҳои мақомоти ягонаи иҷроияи ширкати ҳавопаймоӣ ба ширкати лизингии “Авиакапитал-Сервис” вогузор шуд.

***

Аз 1-уми августи соли ҷорӣ ширкати “S7 Airlines” шумораи парвозҳоро аз фурудгоҳи Домодедово ба Уфа афзоиш медиҳад.

***

Бо мақсади талаб намудани ҷуброн аз Microsoft ва CrowdStrike дар робита ба қатъи глобалии фаъолият ширкати “Delta Air Lines” ширкати ҳуқуқшиносиро ҷалб намуд.

***

Ширкати “Air Astana” бо ширкати “Air Lease Corporation” Созишнома оид ба лизинги ҳафт адад ҳавопаймои Airbus A321LR-ро имзо намуд, ки интиқоли онҳо аз соли 2026 оғоз мегардад.

***

Аз 1-уми август то ба охир расидани ҷадвали тобистона ширкати “Turkish Airlines” шумори парвозҳоро аз Санкт-Петербург ба Истанбул афзоиш медиҳад.

***

Дар натиҷаи вазъ вобаста ба интихоботи президентӣ аз 31-уми июли соли ҷорӣ Венесуэла парвозҳои тиҷоратиро бо Панама ва Ҷумҳурии Доминикан муваққатан қатъ менамояд.

***

Аз 5-уми октябри соли 2024 ширкати “Utair” аз Сургут ба Дубай парвозро оғоз менамояд.

***

29-уми июли соли 2024 дар Донишкадаи авиатсионии Москва нахустин мактаби тобистона дар Федератсияи Россия барои донишҷӯёни Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз гардид, ки дар давоми ду ҳафта 20 донишҷӯ усулҳои тарҳ ва технологияҳои истеҳсолии авиатсиониро меомӯзанд.

***

Дар фурудгоҳҳои Зомин ва Қӯқанди Ҷумҳурии Узбекистон тарҳи парвозҳо бо истифодаи усули PBN бомуваффақият татбиқ гардид.

***

Ширкати “China Eastern Airlines” ҳавопаймои ҳафтуми C919-ро интиқол дод. Ширкати мазкур ягона ширкати истифодабарандаи ҳавопаймои C919 мебошад.

***

Аз 1-уми августи соли 2024 ширкати “Korean Air” парвози аввалин ҳавопаймои Boeing 787-10-ро дар масири Сеул-Бангкок амалӣ менамояд.

***

Ширкати “JetBlue Airways” таҳвили 44 ҳавопаймои нави A321neo-ро аз ширкати “Airbus” то соли 2030 ба таъхир гузошт.

***

Бо мақсади афзоиш додани истеҳсолот ширкати “Airbus” татбиқи барномаи кӯтоҳмуддати хароҷотро пешбинӣ менамояд.

***

Ширкати “Royal Jordanian Airlines” аз муноқишаи минтақавӣ, ки ба фаъолияти ин ширкат дар семоҳаи сеюм ва нимаи дуюми сол таъсири манфӣ мерасонад, нигаронии худро изҳор намуд.

***

Дар моҳи сентябри соли 2024 ширкати “Uganda Airlines” хатсайрҳои навро ба Африқо, аз ҷумла Абуджа, Лусака ва Хараре ба роҳ мемонад.

***

Аз 31-уми январи соли 2025 ширкати ҳавопаймоии Ҷопон, ANA тасмим гирифтааст, ки хатсайри мустақимро аз фурудгоҳи Стокголм-Арланда ба Токио Ҳанеда оғоз намояд, ки ҳафтае се маротиба амалӣ мегардад.

***

 

(Манбаъ: КВД “Узаэронавигатсия”, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)

31 июл
Вернуться назад