DataLife Engine / СОМОН МАҲМАДБЕКОВ: «МЕДАЛАМРО БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАМОМИ МАРДУМИ ТОҶИК МЕБАХШАМ»

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ: «МЕДАЛАМРО БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАМОМИ МАРДУМИ ТОҶИК МЕБАХШАМ»

Дар рӯзи чоруми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҷудочии Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни – 81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Баъди ба даст овардани медал дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Варзиш» Сомон Маҳмадбеков иброз дошт, ки медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми тоҷик мебахшад.

«Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии мо, ҷавонон изҳори минатдорӣ менамоям, — иброз намуд ҷудочӣ. — Маҳз ин дастгириҳо буд, ки ман тавонистам дар олимпиада соҳиби медал гардам».

Сомон гуфт, ки ин орзуи кӯдакияш буд ва ниҳоят ба он расид.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.

Дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари тоҷик бо Тато Григалашвили аз Гурҷистон гӯштин гирифта, аз ӯ шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт.

Дар марҳилаи тасаллобахш Сомон бар варзишгари Узбекистон Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад.

Варзишгари тоҷик дар рақобат барои медали биринҷӣ бар ҷудочӣ аз Италия Антонио Эспозито ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

   
АКС аз манбаъҳои боз 
31 июл
Вернуться назад