Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Тоҷикистон нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре дар Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон хабар доданд, Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ аз 28 то 31 август баргузор гардида, дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш дар сатҳи баланд баргузор мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқа -ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар арсаи ҷаҳон, таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони давлатҳо, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, тамоми намудҳои гӯштини дунё аз гӯштини миллии тоҷикӣ сарчашма мегиранд. Гӯштини миллии тоҷикӣ дар ҳар минтақаи мамлакат хусусияти худро дорад. Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ташкил карда мешаванд. Ин мусобиқот байни намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя баргузор мешаванд. Дастае, ки варзишгаронаш бештар ғолиб мешавад, соҳиби ҷойи аввал мегардад. Барои худи паҳлавонон ин на танҳо мусобиқа, балки эҳтиром ба сарзамин, гузаштагон ва мураббиёнашон аст.
Имрӯз ҷашнҳои мардуми тоҷикро бе мусобиқа оид ба намудҳои гӯштини миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Анъанаи мусобиқаи гӯштингирӣ тақрибан 3000 сол пеш пайдо шудааст.
Аз рӯи анъана, пиронсолон бо рақобати худ гӯштингириро оғоз карда, ба ин восита ба бозигарони ҷавон фотиҳа медоданд. Баъдан кӯдакон вориди майдон мешаванд, ҳатто бачаҳои 4-5-сола низ метавонанд дар ин гуна мусобиқот иштирок кунанд.
Бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гӯштингирӣ рӯз то рӯз рушд ёфта, таҳияи либоси варзишии ягонаи гӯштингирӣ, таҳияи қоидаҳои нави гӯштингирӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ба ҳамин восита муаррифии гӯштингирӣ дар арсаи байналмилалӣ далели ин аст.
Бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, ба воситаи баргузории онҳо дар дили наврасону ҷавонон ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бедор мегардад.