DataLife Engine / Иди калони “Тоҷикаэронавигатсия”

Иди калони “Тоҷикаэронавигатсия”

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо тантана 10-солагии фаъолияти расмии худ ҳамчун шахси ҳуқуқии мустақилро таҷлил намуд.

Ба ҷаласаи идона Директори генералии корхона Л.Б.Ашуров бо сухани табрикӣ ва баромади пурмӯҳтаво оид ба дастоварду комёбиҳои корхона дар тайи ин солҳоро ҳусни ибтидо бахшида, ба вижа таъкид намуд, ки мустақилият ва тамому авҷу барори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба дастгирии Давлату Ҳукумат, пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати софдилонаву ҷоннисоронаи аҳли коллектив иртибот дошта, тавонист корхонаро дар радифи беҳтарин коргоҳҳои соҳаи авиатсияи граждании кишвар ва ихтисосмандони бонуфузи ҷаҳон қарор бибиҳад.

Пасон сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнат О.Ф.Хоҷаев фармони Директори генералӣ роҷеъ ба қадрдонии кормандони собиқадору муваффақ ва пешбари корхона ва ғолибони озмуни аввалини касбии муназзимони корхонаро қироат намуда, сарфарозии эшонро бо сетификат, ифтихорномаву раҳматнома ва мукофотҳои пуливу молӣ табрик намуд.

Ҳамчунин бо суханҳои табрикӣ ва миннатдорӣ аз сиёсату дастгирии давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду пешрафти корхона, иқдомоти наҷиби роҳбарияти корхона муовинони директори генералӣ А.А.Шамбиев ва Р.Қ.Саидов, директори филиали Кӯлоб А.Хӯҷаев, Роҳбари парвозҳо А.Музаффаров, архивариус С.Зикаева ва чанди дигар баромад намуданд.


24 янв
Вернуться назад