DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Санаи 15-уми августи соли 2024 дар доираи сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур, бо Тим Ҷонсон - Директори Департаменти коммуникатсия, стратегия ва сиёсат, Директори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Агентии авиатсияи Подшоҳии Муттаҳида ва Ҷефф Беван – Муовини сардори хадамот оид ба музокироти байналмилалӣ дар самти авиатсияи Вазорати нақлиёти Подшоҳии Муттаҳида мулоқотҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе - Лондон баргузор гардиданд. Бояд қайд намуд, ки ба роҳ мондани парвозҳо дар охири сол ба нақша гирифта шудааст.

***

Аз 14-уми августи соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои 126 кишвари ҷаҳон раванди раводидро содда намуд. Тибқи иттилои Visanews.com шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раводиди сайёҳӣ ва корӣ аз пардохт озод мебошанд.

***

Ширкати “Shirak Avia” барномаи парвози худро аз Перм ба Ереван аз 30-юми октябри соли 2024 то 19-уми марти соли 2025 тамдид менамояд.

***

Вохӯрии онлайни директори КВД маркази “Узаэронавигатсия” ва мутахассисони ҷавони корхона баргузор гардида, қисмати асосии вохӯрӣ ба муҳокимаи масъалаҳо ва пешниҳодҳои кормандони ҷавон бахшида шуд.

***

Дар натиҷаи бархӯрди парранда ба муҳаррики ҳавопаймо ширкати “Россия” аз фурудгоҳи Красноярск 4,1 миллион рубл ҷуброн талаб намуд. 

***

Ба ҷадвали парвози мавсими тирамоҳу зимистони худ ширкати “S7 Airlines” ду парвози иловагиро байни Новосибирск ва Санкт-Петербург ворид намуд, аз 16-уми август шумораи парвозҳоро дар ин хатсайр аз 28 ба 30 адад афзоиш дод.

***

Ширкати “КрасАвиа” фурӯши чиптаҳоро барои ҷадвали парвозҳои тирамоҳу зимистон ифтитоҳ намуд, ки аз 27-уми октябри соли 2024 то 30-юми марти соли 2025-ро дар бар мегирад.

***

Фурудгоҳи байналмилалии Деҳлӣ Индира Ганди (IGIA) аввалин фурудгоҳи Ҳиндустон гардид, ки ба мақоми бандари ҳавоӣ бо дараҷаи сифр партовҳои карбон ноил шуд. Ёдовар бояд шуд, ки фурудгоҳ ноил шудан ба сифр партови карбонро то соли 2030 пешбинӣ намуда буд.  Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, рушди инфрасохтори экологӣ ва истифодаи нақлиётҳои барқӣ ин иқдом пеш аз  мӯҳлат ба даст оварда шуд. Дар доираи мубориза барои бехатарии экологӣ дар фурудгоҳ имкони ҷорӣ намудани сӯзишвории авиатсионии аз ҷиҳати экологӣ тоза омӯхта мешавад. Зикр бояд намуд, ки мақоми фурудгоҳи Zero Carbon аз ҷониби мақомоти соҳа “Airports Council International” (ACI) дода мешавад.

***

Ширкати хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо “Аэрофлот Техникс” дар фурудгоҳи Толмачёвои Новосибирск хати истгоҳи хизматрасонии худро ифтитоҳ намуд, ки шумораи умумии чунин истгоҳҳои ширкат дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия ба 18 адад расид. Мутобиқи шаҳодатномаи гирифташуда, кормандони муҳандисӣ ва техникии истгоҳи хатӣ хизматрасонии ҳавопаймоҳои Airbus A320, Airbus A330, Boeing 737NG ва Boeing 777-ро анҷом медиҳанд.

***

Дар ҷадвали парвози худ ширкати “Azur Air” 3 адад парвозро аз Перм ба Гоа пешбинӣ менамояд, ки оғози онҳо 17-уми декабри соли 2024, 27-уми декабри соли 2024 ва 7-уми январи соли 2025 пешбинӣ мегарданд.

***

Шароити шадиди обу ҳаво маъмурияти федеролии авиатсионии ИМА-ро водор намуд, ки садҳо парвозҳо ба таъхир афтоданд ё лағв гадиданд.

***

Ширкати Кореяи Шимолӣ пас аз панҷ сол барои сайёҳон боз мешавад. Ширкати “Air Koryo” оғози парвозҳои байналмилалиро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия, аз ҷумла Пекин, Шенян ва Владивосток  пешбинӣ менамояд. Қаблан ин ширкат чунин парвозҳои мунтазамро байни Бангкок, Макао ва Кувайт анҷом медод. Инчунин ба Сингапур, Куала-Лумпур ва баъзе дигар кишварҳо парвозҳои чартерӣ мамалӣ шудаанд.

***

Ширкати “AirAsia Indonesia” хатсайри навро ба Австралия ва Ҳонконг ифтитоҳ менамояд.

***

Пас аз таҳвили нахустин ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner ширкати “Air Astana” роҳандозии парвози мустақимро аз Қазоқистон ба ИМА дар соли 2025 пешбинӣ менамояд.

***

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ ширкати “IndiGo” васеъ намудани алоқаи байналмилалиро ба Сингапур, Кувайт ва Коломбо пешбинӣ менамояд.

***

Ширкати “airBaltic” тасмим гирифтааст, ки парвози навро аз Вилнюс ба Дюсселдорфи Олмон, аз 31-уми октябри соли 2024 оғоз намояд. Хатсайри нав парвозҳои мавҷударо ба Берлин, Мюнхен ва Гамбург муттаҳид менамояд.

***

Ширкати “Gulfstream Aerospace Corp.” парвози аввалини бомуваффақияти ҳавопаймои нави худ “G400”-ро амалӣ намуд.

***

(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, КВД “Узаэронавигатсия”, https://news.mail.ru/tag/306/)  

19 авг
Вернуться назад