Дар доираи ҷашни 100 – солагии таъсисёбии Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Зайдуллоев Ашраф Сунатович бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали “Хизмати шоиста”-ро дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бо иштироки кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат, собиқадорони соҳа ва меҳмонон-роҳбарият ва намояндагони ширкатҳои авиатсионии давлатҳои хориҷӣ баргузор шуд, ба Ашраф Зайдуллоев тақдим намуд.
“Бо чунин як унвони баланд сарфароз гаридани Ашраф Зайдуллоев боиси ифтихори ҳар як корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба ҳисоб рафта, барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад. Дар тули 40 соли фаъолияти худ Ашраф Сунатович дар рушди соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия саҳми худро гузошта, мутахассисони соҳибтахассуси зиёди соҳаро омода намудааст, ки ин худ як дастоварди ивазнашаванда дар рушди аэронавигатсия мебошад”, - изҳор намуд Лоиқ Бегиҷонзода директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҷаласаи тантанавӣ, ки бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100 – солагии таъсисёбии Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар корхона бо иштироки роҳбарият, кормандон ва собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Зайдуллоев Ашраф Сунатович 5-уми июли соли 1964 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, соли 1984 Омӯзишгоҳи ҳавонавардии техникии авиатсияи граждании шаҳри Ригаро бо ихтисоси “радиотехник” ва соли 1991 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси “муҳандис-барқчӣ” бомуваффақият хатм намудааст.
Фаъолияти кории худро соли 1984 ба сифати техник оид ба радиолокатсия дар отряди муттаҳидаи авиатсионии Душанбе оғоз намуда, сипас аз соли 1990 то соли 2015 дар вазифаҳои “муҳандис оид ба радиолакатсия ва радионавигатсия” дар Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон, муҳандиси хадамоти танзимӣ ва технологӣ, муҳандиси пешбари маҷмааи радиолокатсионии ЭРТОС-и Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷик Эйр”, сардори уқдаи радиолакатсия ва радионавигатсияи КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, муҳандиси радионавигатсия ва муҳандиси калони радионавигатсионии ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кору фаъолият намудааст.
Аз соли 2015 то имрӯз дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба ҳайси сардори Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ифои вазифа дорад.
Дорандаи Медали ҷашнии 95-солагии таъсисёбии Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) ва як қатор сипоснома ва ифтихорнома мебошад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”