12-уми сентябри соли 2024 сардори шуъбаи банақшагирӣ-иқтисодии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Сангинмурод Нурулоев дар ҳузури роҳбарияти корхона ба нафақа гусел гардид.
Ба номбурда аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода барои хизмати шоён ва гузоштани саҳми арзанда дар рушди иқтисодии корхона, ширкати фаъолона дар таҳияи ҳуҷҷатҳои иқтисодӣ, таҳлилҳои мунтазам дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодии корхона бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Нурулоев Сангинмурод Ҳакимович 10-уми феврали соли 1960 ба дунё омада, хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти кории хешро зиёда аз 46 сол идома дода, дар вазифаҳои гуногун бо як ҳисси ватандӯстӣ хизмат намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро дар вазифаи муҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии “Тобистон” аз соли 1978 оғоз намуда, баъдан дар Сармаркази ҳисобкунии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба омор дар вазифаҳои иқтисодчӣ, муҳандиси калон ва сардори шуъба фаъолият намудааст.
Сипас ҳамчун сардори шуъба, муовини директори Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба нархгузории моликияти давлатии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати моликияти давлатии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори генералӣ оид ба иқтисоди Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, сардори раёсати моликияти давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудитор-ёрдамчии директори генералии ҶСК “НБО Рогун” кору фаъолият намуда, аз санаи 23-юми феврали соли 2017 то ин ҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи банақшагирӣ-иқтисодии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” фаъолият намудааст.
Аз номи роҳбарият ва аҳли коллективи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҳаёти минбаъда ба Нурулоев Сангинмурод давлати пирӣ, хушиҳои зиндагӣ, сиҳатмандӣ, хонаободӣ ва муваффақиятҳоро таманно менамоем.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”