Дар арафаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100 – солагии таъсисёбии Рӯзи авиатсия граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиалҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб чорабинии идона баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳозирин бо ҷашнҳои таърихӣ табрику таҳният гардида, нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифат ва шароити кормандон дар филиалҳои корхона муассир арзёбӣ шуд.
Сипас дар фазои тантанавӣ як зумра кормандони соҳибтахассус ва малака бо медалҳои ҷашнӣ, Сипоснома ва Ифтихорномаи Агентиии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” сарфароз гардиданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”